Кӯмаки Олмон ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19

Кӯмаки Олмон ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19
Июл 29
13:30 2020

Бо иштироки муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири кишвари Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн, намояндаи маҳаллии  Бонки Олмонии Рушд KfW дар доираи ҳамкории молиявии Олмону Тоҷикистон  ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе мавод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас карда шуд.

Мавод ва таҷҳизоти тиббии мазкур аз воситаҳои яккарартаи муҳофизати кормандон, воситаҳои безараргардонӣ, термометрҳои фосилавӣ, воситаҳои нобудсозии маводҳои истифодашуда иборат мебошанд.

Дар доираи ин тадбир ҳамзамон харидани 11 дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли ширкати Ҳамилтон (Швейтсария)  бо маҷмӯи пурраи қисмҳои якдафъаина барои фаъолият дар давоми як сол дар шароити сарбории пурра пешбинӣ шудааст, ки ин таҷҳизот ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш», Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил”, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара ва Ёвон тақдим карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 573
  • 1,258
  • 884,798