Ҷаласаи ҳайати мушовара фаъолияти 9-моҳаи вазоратро баррасӣ намуд

Ҷаласаи ҳайати мушовара  фаъолияти 9-моҳаи вазоратро баррасӣ намуд
Октябр 24
13:34 2020

Имрӯз, 24 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Шифобахш” вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2020 ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат доир гардид. Дар кори ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои зертобеи вазорат, инчунин сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлон, Суғд,  ВМКБ ва шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода дод.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода доир ба фаъолияти вазорат дар 9 моҳи соли ҷорӣ баромад намуда, иброз дошт, ки маҳз таваҷҷуҳ ва сиёсати ташаббускоронаи бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мо имкон дод то дар ин давраи бисёр мушкил, ки коронавируси нави COVID–19 оламро фаро гирифтааст, чораҳои саривақтӣ ва самаранокро барои ҳифзи солимии аҳолии кишварармон анҷом диҳем.

Бояд қайд намуд, ки вобаста ба вуқӯъ пайвастани вазъияти ноороми пандемияи сирояти коронавирус дар миқёси ҷаҳонӣ ва зарурати вусъат бахшидани чорабиниҳои табобатию пешгирикунанда барои ҳифзи саломатии аҳолии ҷумҳурӣ аз тарафи вазорат дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои алоқаманди кишвар чораҳои таъҷилӣ барои пешгирии паҳншавии ин вирус дар ҳудуди кишвар анҷом дода шуданд.

Зикр гардид, ки яке аз самтҳои асосии афзалиятноки соҳа ин рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ ба шумор меравад.

Дар ин раванд дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ шумораи табибони оилавии омӯзонидашуда 4 343 нафар ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 7973 нафарро ташкил медиҳанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС 110 адад протоколҳои клиникӣ таҳия гардида, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2020, №456 тасдиқ карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ соҳаи ҷарроҳӣ дар мамлакат  рушд ёфта, ҷарроҳони дилу рагҳои хунгард бори нахуст амалиёти импланти кардиостимулятори сеҳуҷравӣ, дар як марҳила ҷарроҳӣ дар се дарғоти дил бо протезкунонии аортаи болобаранда, коррексияи тетрадаи Фалло ба кӯдакони то 5 кг вазндошта, иваз намудани нои пешобрав бо вариди клапандори вариди калони таги пустии ронро амалӣ менамоянд.

Инчунин, дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи вазорат бори нахуст амалиётҳои ҷарроҳии буриши ҷигар, ғадуди зери меъда, бемории Делафуа (дефектҳои калони меъда бо хуншории вазнин), ҷарроҳии симултании кистаи эхинококкозӣ аз ҷигар ва шуш бо истифода аз нитрогени моеъ, криохолетсистэктомия миёни беморони гепатити музмин ва сиррози ҷигар, криоҷарроҳӣ оид ба панреонекроз, бурриши қисмати проксималии меъдаву нимаи ҷигар оиди саратон, бурриши панкреатодуодуоденалии фаврӣ ҳангоми хунравӣ ва дар якҷоягӣ бо ҷарроҳони рагҳо протезкунонии шоҳварид ҳангоми омоси амалӣ гашта, дар маҷмӯъ 250 амалиёти криоҷарроҳии бемориҳои шикам гузаронида шудааст.

Ҷарроҳон-саратоншиносони кишвар ташхиси эндовидеоии бемориҳои қафаси сина ва иммуногистокимиёии саратони ғадуди шириро оғоз намуда, дар табобати саратони шуш усули бронхопластикиро пас аз бурриши қисми болоии шуш бо барқарорсозии бронхи асосӣ ва табобати ҷарроҳии боэътимоди саратони ғадуди зери меъдаро ба роҳ монданд.

Табибони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ ташхиси гистокимиёӣ, миомэктомияи консерватии бачадон ва усули нави табобати ҷарроҳии дошта натавонистани пешоб миёни занҳои қобили таваллудро роҳандозӣ намуданд.

Трансплантологҳои кишвар дар ҳамкорӣ бори нахуст аз усули нефрэктомияи лапароскопии донор истифода намуда, ҷарроҳии думарҳилаи ҷигарро ҳангоми ҷой доштани омоси паҳнгашта ва ҷарроҳони асаб ва осебшиносони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, шаҳраки “Шифобахш дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишвари Беларус усули аз байн бурдани равзанаи косахонаи сар бо лавҳаи титанӣ, ҷарроҳии асаби сегона, табобати эндоназалии гематомаи музмин, ассистенсияи эндоскопии рафъ намудани омосҳои дохилимағзӣ ва берунимағзӣ, эндоҷарроҳии чурраи байнимӯҳравӣ, гемикраниоэктомияи декомпрессивӣ ҳангоми инсулти ишемикӣ ва иваз намудани буғуми зонуро анҷом доданд.

Инчунин, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхиси ва табобат сафар мекунанд, то имрӯз ба 13 нафар  бемор амалиёти пайвадсозии мағзи устухон гузаронида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 139 нафар  шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 41 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 33 нафар аз Исроил, 29 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ва боқимонда аз ҷумҳуриҳои мухталиф – давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар иншоотҳои зериназоратӣ оид ба риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ 13010 санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ гузаронида шуда, дар сатҳи ҷумҳурӣ маҳсулотҳои хӯроквории ба талабот ҷавобгӯй набуда, мӯҳлати истифодабариашон гузашта ва маҳсулотҳои шубҳанок ба миқдори 66148 кг аз муомилот гирифтанд.

Дар 9 моҳи соли 2020 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизотҳои тиббии муосир аз ҷониби вазорат ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи умуми 20 миллиону 574 ҳазору 341 сомонӣ таҷҳизот ва  асбобҳои тиббӣ, мебел ва молҳои тиббӣ дастрас карда шудааст.

Айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (хона-интернатҳо) 1174 нафар бошандагон, аз ҷумла 598 нафар мард, 476 нафар зан ва аз инҳо 100 нафараш кӯдакони маъюб мебошанд. Аз ин шумора маъюбони гурӯҳи якум – 268 нафар, маъюбони гурӯҳи дуюм – 564 нафар, маъюбони гурӯҳи сеюм – 12 нафар, ҳамзамон 17 нафар ятимони кул, 38 нафар нимятим ва аз оилаҳои камбизоат 79 нафар дар таъминоти давлатӣ қарор доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ 62 нафар бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон ба муҳити оилавӣ баргардонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.

Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ барои дуруст ташхис кардану муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 аз маслиҳату машварати олимони кишварҳои хориҷӣ,  бахусус Чин ва дигар кишварҳое, ки дар мубориза бар зидди коронавирус муваффақ шуданд, дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии мардумии Чин 15 нафар мутахассисон, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 нафар мутахассисон, 15 нафар коршиносони  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз Ҷумҳурии Лаҳистон  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз таҷрибаи бадастомада дар самти муваффақ гардидан бар зидди сирояти коронавирус бо табибони тоҷик ҳамкорӣ намуданд.

Пас аз баромади муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти вазорат дар 9 моҳи соли ҷорӣ сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва шаҳри Душанбе вобаста ба фаъолияти хеш ҳисобот доданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани корҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19, омодагии муассисаҳои тандурустии кишвар ба давраи зимистони солҳои 2020-2021, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Оид ба мавзӯъҳои баррасишуда қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 885
  • 1,058
  • 889,297