Шиносоии роҳбарияти вазорат бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ

Шиносоии роҳбарияти вазорат бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ
Декабр 12
16:52 2020

Тибқи супориши бевоситаи  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби 11 декабри соли равон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ муовинони вазир ба як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд. Аз ҷумла муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода аз Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи Марказии  ноҳияи Шаҳринав ва Самариддин Ализода аз Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода боздид ба амал оварданд.

Дар ҷараёни боздиди хеш муовинони вазир бо фаъолияти  шӯъбаҳои беморхонаҳои мазкур шинос шуда, ҳамзамон бо бемороне, ки дар муассисаҳои тандурустӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд, суҳбат намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи сафари масъулини вазорат-ин пеш аз ҳама шиносоӣ бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ ва рафти хизматрасонии табибон дар шабонгоҳ, омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани васли зимистон, вохурӣ бо беморон ва дигар масъалаҳо мебошад.

Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки  бо мақсади шиносоӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ айни замон гурӯҳи кории Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 828
  • 1,168
  • 841,314