НАХУСТИН МАРОТИБА: Табибони тоҷик ҷарроҳии саратони бачадон ва саратони гурдаро муваффақона анҷом доданд

НАХУСТИН МАРОТИБА: Табибони тоҷик ҷарроҳии саратони бачадон ва саратони гурдаро муваффақона анҷом доданд
Январ 07
15:31 2021

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имконоти мавҷуда ва воридоти дастгоҳи муосири тиббӣ чанде қабл нахустин маротиба дар мамлакат ҷарроҳии саратони бачадонро бо истифодаи таҷҳизоти эндовидеоӣ муваффақона анҷом доданд.

Тавре директори маркази мазкур Зафар Ҳусейнзода иброз дошт, ин намуди ҷарроҳии мураккаб қаблан дар хориҷи кишвар гузаронида мешуд, ки сарфи маблағ ва вақти зиёдро талаб мекард.

Ҳамзамон, номбурда иброз дошт, ки пеш аз Соли нави мелодӣ аввалин маротиба дар кишвар мутахассисони муассисаи мазкур ҷарроҳии саратони гурдаро бо усули эндовидеолапороскопӣ бомуваффақият гузарониданд.

Бино ба гуфтаи номбурда, бо дастрасии дастгоҳи муосири тиббии эндовидеоҷарроҳӣ Карл Штрос, ки истеҳсоли давлати Олмон мебошад, саратоншиносони тоҷик мушкилтарин ҷарроҳии вобаста ба саратони гурдаро бо харҷи ками маблағ ва вақт гузарониданд, ки ин дастоварди муҳими соҳа ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки айни замон дар маркази мазкур даҳҳо нафар мутахассисони  варзидаи соҳа, ки дар бонуфӯзтарин муассисаҳои илмию хизматрасонии тиббии кишварҳои  тараққикардаи ҷаҳон такмили ихтисос гирифтаанд, фаъолият менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки давоми солҳои охир маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази мазкур  якчанд номгӯи дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шудааст, ки тавассути онҳо барои хизматрасонии тиббӣ шароити фароҳам оварда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 464
  • 880
  • 879,537