Панҷгоникҳо аз таваллудхона рухсат шуданд

Панҷгоникҳо аз таваллудхона рухсат шуданд
Январ 29
15:40 2021

Нисфирӯзии санаи 29 анвари соли равон  панҷгонике, ки як моҳ қабл дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” ба дунё омада буданд, бо сатҳи хуби сиҳатӣ аз таваллудхона рухсат дода шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки истиқоматкунандаи деҳаи Б.Ғафурови ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Маматова бо омили бисёркӯдаки дар батн аз овони ҳомиладорӣ таҳти назорати қатъии табибон қарор дошт ва ҳанӯз санаи 11 декабри соли 2020 дар  Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” бистарӣ гардонида шуда,  санаи 30 декабр исми модари панҷгоникро сазовор шуд.

Атфоли панҷгоник 3 духтар ва 2 писар буда, таваллуди панҷгоник дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал аст, ки сурат мегирад.

Дар расми гусели Дилноза Маматова  ва фарзандони панҷгоники ӯ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон,  роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”, инчунин доираи васеъи намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Зимни суханронии хеш Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар волидон ва наздикону пайвандони панҷгоникро таҳният гуфта, баҳри эшон сиҳатмандии бардавом таманно намуд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки вазъи сиҳатии модар ва кӯдакон таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳиязи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 440
  • 1,258
  • 884,665