Ҷамолиддин Абдуллозода бо Роҳбари навтаъйини Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо Роҳбари навтаъйини Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Феврал 01
14:56 2021

Имрӯз, 1 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода бо Виктор Олсавски, Роҳбари навтаъйини Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Нахуст  Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Виктор Олсавскиро ба муносибати Роҳбари ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон интихоб гардиданаш  шодбош намуда, дар идомаи фаъолияти корӣ ба номбурда барору комёбӣ орзу намуд.

Дар идомаи суҳбат Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат суханронӣ намуда, иброз дошт, ки хушбахтона аз оғози моҳи январи соли равон то имрӯз дар кишвар ягон ҳодисаи нави бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст.

Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо  ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 100
  • 989
  • 886,465