“Муҳокимаи ҳолати дарёфти бемории сил дар давраи пандемияи COVID-19”

“Муҳокимаи ҳолати дарёфти бемории сил дар давраи пандемияи COVID-19”
Феврал 04
13:29 2021

Имрӯз, 4 феврали соли равон  дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе  дар мавзӯи “Муҳокимаи ҳолати дарёфти бемории сил дар давраи пандемияи COVID-19” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, директорони марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳамзамон роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода  доир ба ҳадаф ва мақсади баргузории мизи мудаввар суханронӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯъ баромад намуданд.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ  ба паст кардани фишори бемории сил дар Осиёи Марказӣ тавассути бунёди зарфияти маҳаллӣ ва минтақавӣ ҷиҳати беҳтар кардани ташхис ва табобати бемории сили ба дору устувор (DR-TB) нигаронида шудааст.

Мақсад ва ҳадафҳои лоиҳа ин пеш аз ҳама афзоиши ташхиси бемории сил ва бемории сили ба дору устувор, баланд бардоштани табобати муваффақонаи бемории сил ва ҳама намуди бемории сили бо дору устувор, беҳтар намудани фазои мусоид ва устувории молиявии барномаҳои оид ба бемории сил ва бемории сили ба дору устувор мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 8
  • 989
  • 886,373