Вохурӣ бо намояндагони Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон

Вохурӣ бо намояндагони Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон
Феврал 06
12:04 2021

5 феврали соли 2021 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони Ташкилоти  Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон мулоқот намуд.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд. Маврид ба зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хадамотҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ҳамкориро дар доираи «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистонии Оғохон» ва барномаҳои соҳавӣ ба роҳ мондааст.

Бояд тазаккур дод, ки хадамотҳои ташкилоти мазкур, аз ҷумла Фонди Тоҷикистонии Оғохон ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои солимии наврасон ва беҳдошт, беҳбудии шароити зист ва гуногунии ғизо, беҳтар намудани инкишофи қад, дастгирии таъсиси Маркази будубоши иҷтимоии пиронсолон дар ВМКБ ва сохтмони марказҳои саломатӣ дар деҳот  дастгирӣ менамояд. Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 102
  • 1,364
  • 883,069