САФАРИ КОРИИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БА ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ: Ба Тоҷикистон нақлиётҳои калонҳаҷми сайёр, ки дорои ҳуҷраҳои гуногуни тиббӣ мебошанд, ворид хоҳанд шуд (АКС)

САФАРИ КОРИИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БА ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ: Ба Тоҷикистон нақлиётҳои калонҳаҷми сайёр, ки  дорои ҳуҷраҳои гуногуни тиббӣ мебошанд, ворид хоҳанд шуд  (АКС)
Феврал 08
16:12 2021

Бо мақсади гузаронидани комиссияи инспектсионӣ ҷиҳати қабули маҷмӯи тиббии сайёр дар доираи татбиқи маблағгузории бебозгашт, ки аз ҷониби  Барномаи хайриявии (Шоҳ Абдулло ибн Абдулазиз) Бонки Исломии Рушд барои харидорӣ ва истифода намудани маҷмӯи тиббии сайёр дар баъзе давлатҳо амалӣ карда мешавад,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд.

Зимни сафари кории хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз корхонаи саноатии Сакараяи Ҷумҳурии Туркия дидан намуда, бо маҷмӯи тиббии сайёр, яъне воситаҳои нақлиётии калонҳаҷме, ки интизор аст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шаванд, шинос гардид.

Бояд гуфт, ки дар доираи Барномаи мазкур тавассути Бонки Исломии Рушд барои таъсиси панҷ маҷмӯи тиббии сайёр маблағҳои грантӣ ҷудо гардидааст.

Тибқи муқаррарот Бонки мазкур тавассути озмуни байналмилалӣ ширкати «Нормека»-ро (Норвегия) ҳамчун оператори пешниҳоди маҷмӯи тиббии сайёр интихоб намудааст. Маҷмӯи тиббии сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои аврупо 18 метр ва баландиашон 4,2 метр мебошанд, ки дар он ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ ва таҷҳизот барои эндоскопияи хурд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизматрасонӣ менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки Созишнома 27 октябри соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2014, №1712 тасдиқ (ратификатсия) гардидааст.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,017
  • 1,058
  • 889,429