“Тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемориҳои ғайрисироятӣ”: Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе даври омӯзишӣ доир гардид

“Тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемориҳои ғайрисироятӣ”: Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе даври омӯзишӣ доир гардид
Феврал 23
15:23 2021

Бо мақсади татбиқи “Конвенсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку”, “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” имрӯз, 23 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемориҳои ғайрисироятӣ” даври омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар даври омӯзишии мазкур намояндагони Вазорати тандурурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамотҳои назорати давлатии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовинони директорони муассисаҳои  давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»,  «Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ», «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»,  «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии травматология ва ортопедия», «Маркази ҷумҳуриявии клиникии вертебрология»,  шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон иштирок варзиданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҷумла  иброз доштанд, ки тамокукашӣ яке аз омилҳои асосии хатари бемориҳои ғайрисироятӣ (саратон, бемориҳои дилу рагҳо ва ғ.) ба ҳисоб рафта, тибқи нишондодҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, айни ҳол дар ҷаҳон аз шумораи умумии аҳолӣ ҳамарӯза наздики 1 миллиард мардон ва 250 миллион занон тамоку мекашанд.

Мувофиқи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, тамокукашӣ 10%-и сабаби асосии марги аҳолии калонсоли ҷаҳонро ташкил дода, ҳамасола 5,4 миллион одам аз бемориҳои ба тамокукашӣ вобаста мефавтанд.

Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» қабул гардида, соли 2013 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид.

Бо мақсади татбиқи талаботҳои Конвенсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку, иҷрои Нақшаи якҷояи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи дастурҳои клиникӣ оид ба дасткашӣ аз истеъмоли маводи тамоку барои мутахассисони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо дарназардошти талаботи тиббии собитшуда ва дастовардҳои технологияҳои муосир таъсис дода шуда, дар натиҷа Дастурҳои клиникӣ таҳия гардиданд ва ба мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуданд.

Дар даври омӯзишии мазкур аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ,  Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии травматология ва ортопедия  баромадҳо шунида шуда, мавзӯъҳои пешниҳодгардида аз ҷониби иштирокчиён муҳокима гардиданд.

Даври омӯзишии мазкурро иштирокчиён мусбат арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки пешгирӣ намудани тамокукашӣ сабаби кам шудани  бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад ва таҳия намудани маҷмӯи корҳои пешгирикунанда ва бақайдгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дар самти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз воситаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 380
  • 1,058
  • 888,792