Ҷамолиддин Абдуллозода бо Намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард

Ҷамолиддин Абдуллозода бо Намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот кард
Март 05
11:14 2021

Имрӯз, 5 марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ян Петтер Олтерс  баргузор гардид.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустӣ, махсусан дар давраи пандемияи COVID-19 ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус ба Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.

Қайд гардид, ки  кӯмаки Бонки умумиҷаҳонӣ дар давраи паҳншавии бемории коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад.

Махсусан,  бо ин мақсад “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ (гранти №D604-TJ) аз 3 апрели соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд, ки  ҳадафи  он таъмини омодагӣ ва эътино ба пандемияи сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 Самтҳои асосии фаъолияти лоиҳа ин пеш аз ҳама дастгирии чорабиниҳо дар доираи амалисозии Нақшаи эътинои фаврӣ ба пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, аз ҷумла тақвияти иқтидори соҳаи тандурустӣ дар самти табобати интенсивӣ ва эҳё, яъне хариди таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ, маводҳои безараргардонӣ, воситаҳои махсуси муҳофизатӣ барои пешгирӣ ва муқовимат ба вируси COVID-19, дастгирии чорабиниҳои иттилоотию коммуникатсионии гуногунсамта бар зидди пандемияи вируси COVID-19 дар кишвар, бахусус тадбирҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ ва омодагии ҷомеа бар зидди ин вирус, расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба хонаводаҳое, ки аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир мебошанд, ба шумор меравад.

Дар доираи маблағгузории Лоиҳа  то имрӯз як қатор корҳо анҷом дода шудаанд. Махсусан, ҷиҳати таҳкими иқтидори шӯъбаҳои табобатӣ ва эҳёи 10 беморхонаҳои интихобгардида 23 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, 9 номгӯи воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва 77 номгӯи доруворӣ харидорӣ ва дастрас карда шуда, инчунин корҳои таъмирӣ дар ин беморхонаҳо гузаронида шудаанд.

Инчунин, бо мақсади тақвият додани сатҳи огоҳонии аҳолӣ аз пешгирӣ ва хавфу оқибатҳои имконпазири пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути роҳҳои мухталифи иттилоот ва алоқа дар мавриди  пешгирии ин беморӣ 15 номгӯи маводҳои иттилоотӣ (постерҳо, овезаҳо, брошюра ва буклетҳо) бо теъдоди 424 ҳазор нусха,  инчунин, шакли варақаи ҳуҷҷатҳо барои таъйин кардани кӯмакпулии иҷтимоӣ бо теъдоди 800 ҳазор нусха ба табъ расонида шуда, ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас карда шуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани заминаи техникии Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи лоиҳаи мазкур 12 номгӯи таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла дастгоҳи рақамии наворбардор ва пахшкунанда, компютер, асбобҳои аксбардор, принтери ранга ва дигар воситаҳои техникӣ харидорӣ  ва ба маркази  мазкур супорида шуданд.

Бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, ки дар давраи паҳншавии сирояти COVID-19 аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир ба шумор мерафтанд, ба 64 469 оилаҳои камбизоати Тоҷикистон кӯмакпулии яквақтаи иҷтимоӣ расонида шуд. Кӯмакпулии якдафъаина ба андозаи 500 сомонӣ ба як оилаи камбизоати дорои кӯдакони то синни 3-сола як маротиба ҳамчун дастгирии иҷтимоии иловагӣ аз тарафи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст. То имрӯз барои  пардохти кӯмакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоати кӯдакони то 3 сола дошта дар ҳаҷми 32 234 500 сомонӣ ё зиёда аз 3,0 миллион доллари ИМА маблағ сарф карда шудааст.

Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур ҳамзамон барои нигаҳдории ҳайати кормандон, анҷом додани чорабиниҳои хариди мол, кор ва хизматрасониҳо, таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ, муҳосибӣ, мониторинг ва арзёбии рафти татбиқи Лоиҳа хароҷоти муайян пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки мониторинги рафти татбиқи Лоиҳа, аз ҷумла дастраснамоии таҷҳизотҳои тиббӣ, воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва дорувории харидоригардида ба беморхонаҳо, инчунин сифати корҳои таъмирӣ дар муассисаҳои тандурустӣ аз ҷониби кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа гузаронида шудааст.

Дар маҷмуъ, ба ҳолати 1 январи соли 2021  аз 11,3 миллион доллари ИМА маблағи пешбинигардида 9,4 миллион доллари он харҷ гардидааст, ки 83,4 фоизи маблағи умумии Лоиҳаро ташкил мекунад.

 Бо мақсади маблағгузории иловагӣ барои анҷом додани чорабиниҳои аввалиндараҷа барои пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 11 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ду созишномаи маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 21,2 миллион доллари ИМА тасдиқ карда шуд,  ки 8,63 миллион доллар барои хариди ваксинаи зидди COVID-19 ва 12,57 миллион доллар барои хариди таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород ва дастгирии иловагии гуруҳҳои ниёзманд  равона карда шудааст.

Дар доираи маблағгузории иловагӣ амалисозии чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шуданд: Дар марҳилаи аввал тавассути механизми COVAX ба Ҷумҳурии Тоҷикистон харид ва таҳвили вояи ваксинаи зидди бемории COVID-19 анҷом дода мешавад ва ба эмгузаронӣ (ваксинатсия) дар мадди аввал кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки хавфи баланди саломатӣ доранд, инчунин пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд азият  мекашанд,  фаро гирифта  хоҳанд шуд.

Инчунин, ба 15 беморхонаҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихобгардида харид ва таҳвили таҷҳизоти истеҳсолкунандаи кислород (кислородные станции) ва дигар маводҳои хароҷотии он дар назар дошта шудааст.

Дар марҳилаи навбатӣ кӯмакпулии яквақтаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 7 сола ва кӯдакони маъюби то синни 18 доранд, инчунин ба хонаводаҳои камбизоат, ки кӯдакони аз 7 сола то синни 16 сола дошта, занҳо сарварии оиларо ба души худ гирифтаанд, расонида мешавад.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои гуногун мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва  якдигарфаҳмии комил баргузор гардид.

 

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 619
  • 998
  • 878,812