БРСММ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои арзёбии идоракунии партовҳои тиббӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод мекунанд

БРСММ  ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  натиҷаҳои арзёбии идоракунии партовҳои тиббӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод мекунанд
Март 11
12:18 2021

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои арзёбии ҳамаҷонибаи амалия ва иқтидорҳои идоракунии партовҳои тиббиро дар 15 беморхонаҳо ва чор лаборатория дар Душанбе, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Бояд гуфт, ки арзёбӣ моҳи ноябри соли 2020 барои таҳлили таъсири пандемияи COVID-19 ба системаи идоракунии партовҳои тиббии кишвар ва оқибатҳои номатлуби экологӣ оғоз ёфт.

Тибқи гузориши мазкур, самтҳои калидии такмили системаи идоракунии партовҳои тиббӣ дар кишвар ин  азнавсозии заминаи меъёрӣ, фароҳам овардани иқтидор ва омӯзиш дар соҳаи идоракунии партовҳои беҳдоштӣ барои кормандони тиб, ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарин барои нобуд кардани партовҳои тиббӣ мебошанд.

Пандемияи COVID-19 нишон дод, ки Қоидаҳои санитарии идоракунии бехатарии партовҳои тиббиро дар Тоҷикистон бояд муосиртар кард то идоракунии партовҳо, алахусус дар ҳолатҳои фавқулодда, ҳам аз нуқтаи назари эпидемиологӣ ва ҳам муҳити зист самараноктар ба танзим дароварда шавад.

Давоми соли ҷорӣ Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикстон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба нақша гирифтааст, ки 500 корманди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҳамшираҳои тиб ва кормандонеро, ки бо партовҳои тиббӣ сару кор доранд  омӯзонад, то онҳо  технологияҳои беҳтарини мавҷударо таҷриба кунанд ва намунаҳои гуногуни ҳамкориҳоро барои мусоидат ба рушди  бахши хусусӣ фароҳам оваранд.

Дар доираи ин ташаббус Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) аллакай тавассути таҳияи бобҳои иловагӣ оид ба партовҳое, ки ҳангоми эмгузаронӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ба вуҷуд омадаанд, ба Қоидаҳои санитарии идоракунии бехатарии партовҳои саломатӣ илова намудааст. Бояд гуфт, ки  моҳи январи соли 2021 Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва  Файзобод барои нест кардани партовҳо таҷҳизоти тиббӣ кард.

Бояд гуфт, ки ҳадафи лоиҳаи “Ҳалли хатарҳои экологии COVID-19 тавассути такмили идоракунии партовҳои соҳаи тандурустӣ”-и Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар таҳкими системаи идоракунии партовҳои тандурустӣ ва коҳиш додани таъсири пандемия ба одамон ва муҳити зист мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 295
  • 880
  • 879,368