Гуфтушунид бо Фонди россиягии сармоягузории мустақил ҷиҳати таҳвили ваксинаи “Спутник V” ба Тоҷикистон

Гуфтушунид бо Фонди россиягии сармоягузории мустақил ҷиҳати таҳвили ваксинаи “Спутник V” ба Тоҷикистон
Апрел 28
14:44 2021

Имрӯз, 28 апрели соли равон дар асоси изҳороти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба роҳбари Ҳукумати Федератсияи Россия ва дар асоси натиҷаҳои ба даст омадаи вохурии вазирони тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки чанде қабл дар шаҳри Москва доир гардид, гуфтушуниди фосилавии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони Фонди россиягии сармоягузории мустақили Федератсияи Россия ҷиҳати таҳвили ваксинаи “Спутник V” ба Тоҷикистон баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки ин аввалин гуфтушуниди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди россиягии сармоягузории мустақили Федератсияи Россия ҷиҳати бақайдгирӣ ва таҳвили ваксинаи “Спутник V” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зимни вохурӣ  ҷонибҳо  доир ба таҳвили интиқоли ваксинаи “Спутник V” ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Тибқи натиҷаҳои ин гуфтушунид, дар назар аст, ки баъди бақайдгирӣ  ваксинаи мазкур ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 996
  • 1,263
  • 842,745