Кӯлоб: Таъсиси нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ ба осебдидагони офати табиӣ

Кӯлоб: Таъсиси нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ ба осебдидагони офати табиӣ
Май 14
08:02 2021
Тавре иттилоъ дорем, бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани шаҳрвандон ва муайян намудани хисороти расонидашуда дар пайи ба вуҷуд омадани сел дар дар вилояти Хатлон Ситоди корӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъсис дода шудааст.
Бояд гуфт, ки дар доираи Ситоди мазкур ва бо мақсади расонидани кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандон, хосатан ба осебдидагони ин офати табиӣ дар ноҳияи Кӯлоб аллакай нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ таъсис дода шудаанд.
Вазири тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Шодихон Ҷамшед  аз нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ боздид ба амал оварда, баҳри иҷрои саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар самти расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бояд гуфт, ки нуқтаҳои ёрирасони тиббӣ пурра бо мавод ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин буда, дар ҳолатҳои зарурӣ оҷилан ба муроҷиаткунандагон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 727
  • 1,151
  • 886,103