ЮНИСЕФ ва СУТ ба Тоҷикистон 4,6 миллион дозаи ваксинаи зидди фалаҷ дастрас намуданд

ЮНИСЕФ ва СУТ ба Тоҷикистон 4,6 миллион дозаи ваксинаи зидди фалаҷ дастрас намуданд
Май 23
17:04 2021

23 майи соли 2021 аз ҷониби ЮНИСЕФ ва СУТ (Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) ба Тоҷикистон 4,6 миллион дозаи ваксинаи муқобили фалаҷ ворид карда шуд, ки дар маросими қабули онҳо дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳи Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ЮНИСЕФ ва СУТ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки ин ваксинаҳо дар маъракаи миллии эмгузаронӣ ва иммунизатсия бар зидди фалаҷ-полиовирус истифода мешаванд, ки баргузории он  моҳҳои май-июли соли 2021 дар мамлакат пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни ин маърака дар нақша аст, ки 1,4 миллион кӯдакони то шашсола аз фалаҷ ваксинатсия карда шуда, системаи масунияти худро аз таъсири фалаҷ мустаҳкам намоянд.

Бояд гуфт, ки маъракаи миллии эмгузаронӣ ва иммунизатсия бар зидди фалаҷ-полиовирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии СУТ ва ЮНИСЕФ дар доираи Ташаббуси глобалии нест кардани фалаҷ (Global Polio Eradication Initiative) гузаронида мешавад.

“ЮНИСЕФ бо шариконаш барои дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар давраҳои муҳими маъракаи эмгузаронӣ аз фалаҷи полиомиелит барои таҳкими масунияти кӯдакон кор мекунад. Маъракаи иловагӣ бо маъракаи сафарбаркунии иҷтимоӣ ҷиҳати ҳавасмандкунии ҷомеаҳо барои эмгузаронии фарзандонашон ҳамроҳӣ карда мешавад” – гуфт Зайнаб Ал-Аззавӣ, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Пас аз таҳқиқи ҳамаҷониба Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди соҳаи тандурустӣ маъракаи иловагӣ оид ба эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷро омода намуд, ки он аз ду давраи эмкунӣ, мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд.

“Табобати полиомиелит вуҷуд надорад, онро танҳо тавассути истифодаи ваксина пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар ваксинаи фалаҷ  якчанд маротиба ба кӯдак дода шавад, метавонад ба пуррагӣ ӯро тамоман аз ин сироят муҳофизат намояд. Ваксинаи даҳонии полиомиелит бехатар ва муассир аст, ки барои нест кардани фалаҷи атфол дар аксар қисматҳои ҷаҳон истифода шудааст. Истифодаи ваксинаи даҳонии полиомиелит дар Тоҷикистон барои пешгирии сироят ва муҳофизати кӯдакон аз ин бемории вазнин муҳим аст. СУТ тамоми талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони соҳаи тандурустиро барои омодагӣ ба маъракаву хариди ваксинаҳо  дастгирӣ мекунад. Ҳамзамон, волидонро даъват мекунем, ки фарзандони худро эм кунанд”, – мегӯяд доктор Виктор Олшавский, намояндаи СУТ дар Тоҷикистон.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 310
  • 1,058
  • 888,722