Ба Тоҷикистон ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид гардид

Ба Тоҷикистон ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид гардид
Сентябр 20
11:02 2021

Дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба ва бо мақсади пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 114 ҳазору 660 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун кӯмаки башардӯстона дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19   ворид гардид.

Маросими расмии қабули ваксинаҳои мазкур имрӯз, 20 сентябри соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода,  Абдухолиқ Амирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавски ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Зимни маросими қабули ваксинаҳои мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати дастгирӣ дар самти пешгирии бемории коронавирус, аз ҷумла ба таври ройгон дастрас намудани ваксинаҳои зидди сирояти мазкур ба мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Тавре зикр гардид, новобаста ба мушкилиҳои пешомада, маҳз дар заминаи равобити дӯстона аз ҷониби шарикон кӯмакҳои ҳамаҷониба ҷиҳати мубориза ва пешгирии сирояти коронавирус барои дастгирии системаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат равона гардиданд.

Баъдан меҳмонон аз яхдонҳои махсус, ки барои нигоҳдории вояҳои ваксинаи “Pfizer-BioNTech” низ дастрас карда шудаанд,  боздид ба амал оварданд.

Қайд гардид, ки дар анбори махсуси Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика барои нигоҳдории ваксинаҳо, хосатан ваксинаи “Pfizer-BioNTech” тамоми шароит ва имконоти мусоид  фароҳам оварда шуда, инчунин, барои гузаронидани ваксинаи мазкур ба шаҳрвандон мутахассисони соҳа омӯзонида шудаанд.

Илми муосир низ тасдиқ намудааст, ки маҳз бо роҳи ваксинакунонӣ раванди эпидемиологии сирояти нави коронавирусро ҷилавгирӣ кардан мумкин аст ва ин танҳо роҳи боэътимод ва ягонаи осон дар пешгирии паҳншавии сирояти мазкур дар байни аҳолӣ мебошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нақша гирифтааст, ки дар асоси имкониятҳои мавҷудбуда 62,4 фоиз ва ё 5,8 млн аҳолии аз синни 18 сола болои кишварро бо ваксинатсия фаро гирад.

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 77
  • 989
  • 886,442