Ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя ваксинаи “Астра зенека” ворид гардид

Ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя ваксинаи “Астра зенека” ворид гардид
Декабр 01
07:19 2021

Баробари ихтироъ шудани ваксина зидди бемории каронавируси нави COVID-19 иқдомоти амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани он ба қаламрави кишвар ва дар ин замина ба иммунизатсия фаро гирифтани ҷомеаи кишвар бо мақсади ҳифзи сиҳатии омма дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Дар доираи ин иқдом ва ҷиҳати ҳифозати сокинон аз сирояти мазкур то ба  имрӯз ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон   5 намуд ваксина дар ҳаҷми 6 миллиону 137 ҳазору 700 воя ворид гардидааст.

Шаби 1 декабри соли равон бо мақсади ба пуррагӣ фаро гирифтани сокинони мамлакат ба иммунизатсия  иловатан 698 ҳазору 500 воя ваксинаи “Астра зенека” ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид гардида, иқдомоти амалӣ дар ин масир идома дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то ба ҳолати 30 ноябри соли равон дар Тоҷикистон 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%)  шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.

Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории сирояти коронавирус-ин гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки   аз сокинон даъват ба амал меорад, ки дар гирифтани   ваксинаи зидди сирояти коронавирус фаъол бошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,138
  • 1,168
  • 841,624