Ба Тоҷикистон 2 миллиону 962 ҳазору 800 воя ваксинаи “КоронаВак” ворид гашт

Ба Тоҷикистон 2 миллиону 962 ҳазору 800 воя ваксинаи “КоронаВак” ворид гашт
Декабр 23
08:19 2021

Бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани сокинони мамлакат имшаб бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи грантии Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва бо мусоидати механизми КОВАКС тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ)  ба Тоҷикистон  2 миллиону 962 ҳазору 800 воя ваксинаи  “КоронаВак”  ворид гардид.

Дар ин росто, зикр намудан ба маврид аст, ки то санаи 23 декабри соли равон  беш аз 3 миллиону 618 ҳазор нафар (62,1%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат 2 миллиону 875 ҳазору 693 нафар (49,4%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Бояд гуфт,  ки имрӯзҳо сокинони мамлакат бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар хоссатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 421
  • 989
  • 886,786