ТАВАҶҶУҲ: Агар мехоҳед бидонед, ки нисбат ба сирояти COVID-19 масунияти бадан пайдо намудаед, пас дар тадқиқоти мо иштирок намоед

ТАВАҶҶУҲ: Агар мехоҳед бидонед, ки нисбат ба сирояти COVID-19 масунияти бадан пайдо намудаед, пас дар тадқиқоти мо иштирок намоед
Март 09
15:46 2022

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Л.Пастери Хадамоти федеролии Роспотребнадзори Федератсияи Россия тадқиқоти миллӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19-ро аз  14  то 19 марти соли 2022 мегузаронад.

Хоҳишмандон барои иштирок дар тадқиқоти мазкур метавонанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон дар шаҳри Душанбе ба марказҳои саломатии шаҳрии №1,8,9,10,12,13 ва 14, дар шаҳри Турсунзода ба КАТС ва БМШ (муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Беморхонаи марказии шаҳрӣ), дар шаҳри Ваҳдат ба КАТС ва БМШ, дар шаҳри Ҳисор ба МНДСЭ (Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ), дар вилояти Хатлон ба МВНДСЭ (маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ)-и шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, дар вилояти Суғд ба МВНДСЭ ва КАТС-и шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Панҷакент ба КАТС ва МНДСЭ, дар шаҳри Истаравшан ба КАТС ва МНДСЭ ва дар шаҳри Исфара ба КАТС ва МНДСЭ муроҷиат намоянд.

Бақайдгирӣ барои иштирок дар тадқиқот дар нуқтаҳои муайяншудаи шаҳру навоҳии кишвар ба тариқи электронӣ сурат мегирад.

Онҳое, ки хоҳиши иштирок дар тадқиқот  доранд, метавонанд аз тариқи онлайн сабти ном гузаранд, то бо истифода аз гиперҳавола https://pasteurclinic-anketa.ru/all_antitela.php?reg_id=104) ширкат кунанд.

Пас аз бақайдгирӣ, ба суроғаи почтаи электронӣ, ки дар он нишон дода шудааст, мактуб фиристода мешавад, ки дар он клиникаеро интихоб кардан мумкин аст, ки барои боздид қулай аст.

Вобаста ба масъалаи мазкур агар савол доред, ба рақами 511- Маркази зиддибуҳронӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба COVID-19 муроҷиат намуда, маълумоти дақиқро дастрас намоед.

Ташхис барои муайян намудани масунияти шаҳрвандон нисбат ба сирояти COVID-19 ройгон мебошад.

Шумораи нафароне, ки бояд дар тадқиқот иштирок намоянд, маҳдуд аст!

(Акс аз манбаъҳои боз)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 413
  • 989
  • 886,778