Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ
Апрел 04
13:29 2022

Имрӯз, 4 апрели соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии Мирия Шоблум сурат мегирад,  мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҳамзамон муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, роҳбари дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли, дигар намояндагони вазорат ва бонки мазкур иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики баэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дастгирии бонки мазкур дар кишвар як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ шуда истодаанд.

Қайд гардид, ки дар рафти миссия яке аз афзалиятҳои асосӣ ба таҳияи лоиҳаи нав дар соҳаи тандурустӣ «Миллати солим», дастгирии амалисозии лоиҳаҳои амалкунанда, аз ҷумла «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» ва “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси КОВИД-19”, таҳияи нақшаи инвеститсионӣ ҷиҳати дастгирии амалисозии “Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар масъалаҳо равона мегардад.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки муаррифии “Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо иштироки шарикони рушд моҳи феврали соли 2022 баргузор гардид ва дар заминаи он чорабиниҳо вобаста ба ислоҳоти маблағгузорӣ гузаронида шудаанд. Стратегияи мазкур дурнамои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро барои 10 соли оянда ифода менамояд ва барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба саломатӣ нигаронида шудааст. Айни замон нақшаи инвеститсионӣ барои дастгирии самтҳои афзалиятнок, ки барои таъмини маблағгузории устувори соҳаи тандурустӣ, таъмини хизматрасонии босифат ва самаранок дар сатҳи КАТС, таҳкими системаҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва захираҳои кадрии системаи тандурустӣ равона шудааст, таҳия гардида истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки амалисозии лоиҳаҳои амалкунандаи Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо муваффақият идома доранд.

Роҳбари дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли дар навбати худ аз ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба иброз намуд.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гашт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 8
  • 989
  • 886,373