Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи вазорат ва зерсохторҳои он

Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи вазорат ва зерсохторҳои он
Июл 06
16:42 2022

Имрӯз, 6 июли соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар  шашмоҳаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Пирназарзода, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ,  муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Ҷамолиддин Абдуллозода баромад намуд.

Нахуст қайд гардид, ки хушбахтона бо назардошти вазъи эпидемикии давлатҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳое, ки бо Тоҷикистон робита доранд, соли 2022 барои кишвари мо аз ҷиҳати вазъи эпидемиологии бемории сироятии коронавирус оромтар оғоз гардид, ки ин аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа дар самти мубориза бо ин беморӣ тақозо медиҳад.

Бо мақсади беҳтар намудани заминаи ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 8 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда шуд. Инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва  барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шуд.

Гуфта шуд, ки дар давраи сипаригашта корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ низ дар кишвар идома дода шуд.  Махсусан, дар 6 моҳи соли 2022 дар иншооти сохтмонии соҳа ба маблағи 9 миллиону 753 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 8 миллиону 513 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгарӣ, харидории таҷҳизоту лавозимотҳои зарурии тиббӣ 483 585 сомонӣ, корҳои лоиҳакашии солҳои минбаъда 317 122 сомонӣ, назорати техникӣ 246 ҳазор сомонӣ, сарфаи маблағҳо ва дигар хароҷотҳо 193 093 сомонӣ иҷро гардидаст.

Дар маҷмӯъ, дар 6 моҳи соли 2022 61 муассисаҳои тандурустӣ сохта (52 муассисаҳои КАТС, 5 муассисаҳои госпиталӣ ва 4 муассисаҳои хусусӣ) шуда, дар 89 муассисаҳои тандурустӣ (67 муассисаҳои КАТС, 20 муассисаҳои госпиталӣ ва 2 муассисаҳои хусусӣ) корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар баробари ин, 117 муассиса (104 муассисаҳои КАТС ва 13 муассисаҳои госпиталӣ) аз таъмири асосӣ бароварда шуданд ва дар 145 муассисаҳои тандурустӣ корҳои таъмирӣ (101 муассисаҳои КАТС, 40 муассисаҳои госпиталӣ ва 4 муассисаҳои хусусӣ) идома доранд.

Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил гардида, дар 6 моҳи соли 2022 ба 46 194 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон  гузаронида  шудааст.

Дар доираи Механизми COVAX аз аввали маъракаи ваксинатсия бар зидди КОВИД-19 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ зиёда аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксинаҳо, аз ҷумла дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 1 987 440 воя ваксинаҳои “Модерна”, 897 390 воя ваксинаҳои “Пфайзер” ва 1 002800 воя ваксинаи “АстраЗенека” ворид шуданд.

Илова бар ин, аз моҳи январи соли 2022 иммунизатсия бо вояи 3-юми ваксинаҳои зидди сирояти КОВИД-19 дар байни аҳолӣ оғоз гардид.

Бояд илова намуд, ки аз аввали чорабинии иммунизатсия то ин давра 5 263527 нафар (94,0%) гуруҳи мақсадноки аҳолии синну соли аз 18 сола боло бо вояи якум, 5158348 нафар бо ду воя (92,2%) ва 4104007 нафар бо вояи сеюм (73,3%) ба иммунизатсия фаро гирифта шудаанд.

Дар 6 моҳи соли 2022 дар муассисаҳои таълимию илмии зертобеи вазорат 6472 нафар (табибон 1778 ва кормандони миёнаи тиббӣ 4694) ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 15, 2 % (983 нафар ) зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои будубоши доимии марбут ба сохтори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон 1198 нафар бошандагон, аз ҷумла 643 нафар мард, 459 нафар зан ва аз инҳо 96  нафараш кӯдакони маъюб мебошанд. Маъюбони гуруҳи якум – 282 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм – 581 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм – 7 нафарро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ташкили табобати санаторию курортии маъюбон ва собиқадорони ҷангу меҳнат чор осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои соҳа аз моҳи май ба мавсими истироҳатӣ оғоз намуда,  барои гузаронидани мавсими истироҳатии соли ҷорӣ аз буҷети давлатӣ 4 миллиону 790 ҳазору 909 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Айни замон дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои номбурда зиёда аз 260 нафар маъюбону собиқадорони ҷангу меҳнат дар як баст ба истироҳату табобат фаро гирифта шудаанд.

Ҷиҳати пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона дар миқёси ҷумҳурӣ 44 адад шуъбаҳо (марказҳо) дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки 821 кормандон давоми 6 моҳи соли ҳисоботӣ ба 5328 нафар (ин шумора дар шашмоҳаи соли 2021, 5283 нафар) ниёзмандон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ва ба 987 (ин шумора дар шашмоҳаи соли 2021 -919 нафар) нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ расониданд. Дар баробари ин, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 6 адад Марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ  фаъолият доранд, ки ҷамъ 231 нафар кормандони маъмурию иҷтимоии ин муассисаҳо давоми нимсолаи якум ба 981 нафар эҳтиёҷмандон хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расониданд, ки аз ин шумора 63 нафарашонро кӯдакони имконияташон маҳдуд дар бар мегиранд ва 68 нафар эҳтиёҷмандон муваққатан умр ба сар мебаранд.

Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд  ва намояндаи Раёсати тандурустии ВМКБ доир ба фаъолияти шашмоҳаи хеш дар соли ҷорӣ мухтасар маълумот пешниҳод карданд.

Дар идомаи ҷаласа ҳамзамон мудири шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Пирназарзода  суханронӣ намуда, доир ба таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.

Дар қисмати дигари ҷаласа чор мавзӯъ-“омилҳо ва паҳншаваии нуқсони модарзодии инкишоф дар кӯдакон ва ҳалли он”, “таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхис, табобат ва назорати дармонгоҳии бемориҳои  урологӣ ва нефрологӣ дар ҷумҳурӣ. Масъалаҳои алоқаманд ба пайвандсозии узвҳо дар ҷумҳурӣ, мушкилот, роҳҳои ҳал ва дурнамои рушд”, “таҳлили иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали с 2021, №49 оид ба “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баро солҳои 2021-2025” дар соли 2021” ва “самаранокии ташкили марказҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши рӯзона аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд (солҳои 2020-2021 ва 6 моҳи соли 2022) мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Оид ба мавзуи якум сардори Раёсати ташкили   хизматрасонии  тиббӣ   ба  модарону  кӯдакон  ва танзими оилаи вазорат Зоир Набиев, дар мавзуи дуюм сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нефрология Гадоев С. Х., дар мавзуи сеюм директори Муассисаи давлатии  “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” Рустам Нуров ва вобаста ба мавзуи чорум сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қудратулло Қурбонзода  баромад намуданд.

Баъдан, Нигора Муқимӣ, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баромад намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 400
  • 989
  • 886,765