Маъракаи иммунизатсия бо истифодаи вояи дуюми иловагии (чорум воя) ваксина бар зидди бемории коронавирус COVID-19 дар миёни кормандони соҳаи тандурустии мамлакат оғоз гардид

Маъракаи иммунизатсия бо истифодаи вояи дуюми иловагии (чорум воя) ваксина бар зидди бемории коронавирус COVID-19 дар миёни кормандони соҳаи тандурустии мамлакат оғоз гардид
Август 19
16:37 2022

Аз оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 то санаи 19 августи соли равон дар кишвар байни гурӯҳҳои мақсаднок 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9%) бо вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3%) бо ду воя ва 4 миллиону 927 ҳазору 758 нафар (88,0%) бо вояи сеюм бар зидди сирояти мазкур фаро гирифта шудаанд.

Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки то имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба ваксинатсия бар зидди ин сироят фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ба Тоҷикистон 18 миллиону 290 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст.

Бо назардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар як қатор кишварҳои минтақа, шурӯъ аз 16 августи соли равон даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус дар миёни кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид, ки аллакай дар ин марҳила 36 ҳазору 635 кормандон ба ваксинатсия зидди бемории ҳамагир COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 850
  • 1,236
  • 881,159