Омодагии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳолати эҳтимолии эълон гардидани вазъияти фавқулодда

Омодагии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳолати эҳтимолии эълон гардидани вазъияти фавқулодда
Март 28
10:16 2020

27 марти соли равон дар назди  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед  ҷаласаи корӣ вобаста ба баррасии Нақшаи чорабиниҳо доир ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сироати коронавируси нави  COVID-2019 дар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва амали онҳо дар ҳолати эълон шудани вазъияти фавқулодда  баргузор гардид, ки дар он кормандони Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони сохторҳои ҷумҳуриявии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба корҳои анҷомдодаи вазорат ҷиҳати пешгирии сироати коронавируси нави  COVID-2019 мухтасар ибрози андеша намуд.

Баъдан, Юсуфзода Фахриддин, мудири Бахши хизматрасонии иҷтимоӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мӯҳтавои Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сироати коронавируси нави  COVID-2019 дар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва амали онҳо дар ҳолати эълон шудани вазъияти фавқулодда  иштирокдорони ҷаласаро шинос намуд.

Дар анҷом ҷиҳати дар ҳолати омодабош қарор доштани муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳолати эълон гардидани вазъияти фавқуллода роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 342
  • 880
  • 879,415