COVID-19. Зиёда аз 26,4 млн одамон дар ҷаҳон аз коронавирус сироят ёфтаанд

COVID-19. Зиёда аз 26,4 млн одамон дар ҷаҳон аз коронавирус сироят ёфтаанд
Сентябр 05
09:51 2020

Шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи сироятёбӣ  аз коронавируси нав дар ҷаҳон рӯзи ҷумъа, 4 сентябр, ба 26,4 миллион нафар расид. Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар ин бора маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) шаҳодат медиҳад, ки дар асоси маълумоти мақомоти федералӣ ва маҳаллӣ, инчунин ташкилоти байналмилалӣ  оморро ҷамъоварӣ ва ҳисоб мекунад.

Тибқи маълумоти СУТ, шумораи гирифторон дар ҷаҳон ҳоло 26 468 017 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 873 221 тан ҷон бохта ва 18 661 847 нафар сироятёфтагон шифо ёфтаанд. Дар Иёлоти Муттаҳида субҳи рӯзи  ҷумъа бо вақти Душанбе, маҷмӯъан 6 млн 335 ҳазору 244 сироятёфта ошкор шудааст, 191 058 тан ҷон бохтааст ва зиёда аз 3,5 миллион нафар шифо ёфтаанд.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Бразилия бо 4 046 150 ҳолати ошкоршудаи сироятёбӣ, 124 729 тани ҷонбохта ва 3 247 610 бемори шифоёфта  дар ҷои дувум аст. Ҷои сеюмро Ҳиндустон ишғол мекунад ва дар он ҷо 3 933 124 тан сироят ёфтаанд, 68 569 нафар фавтида ва 3 034 887 нафар шифо ёфтаанд.

Россия аз рӯи шумораи ҳолатҳои сабтшудаи сирояти коронавирус дар ҷои чорум қарор дорад. Тибқи маълумоти ситоди фаврии федералии мубориза бо коронавирус, дар Федератсияи Россия 1 009 995 ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст, 826 935 нафар шифо ёфтаанд ва 17 528 тан ҷон бохтаанд.

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 сабт ва шумораи умумии сироятёфтагон дар давраи аз 30 апрел то 3 сентябр ба 8690 нафар расидааст. Дар мамлакат 7482 нафар ё 86,1% -и гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ҳамзамон бар асари COVID-19   69 тан ҷон бохтаанд, хабар дода буд дирӯз АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 308
  • 1,093
  • 877,503