Бозомӯзии мутахассисон оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории КОВИД-19

Бозомӯзии мутахассисон оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории КОВИД-19
Май 27
12:29 2020

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бозомӯзии ҳамшираҳои тиббӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории короновируси нави  COVID-19  дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз тарафи омӯзгорони кафедраи бемориҳои сироятӣ ва маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббии коллеҷ барои 71 нафар табибон ва 35 нафар ҳамшираҳои (бародарони) тиббӣ – омӯзгорони Коллеҷ курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил карда шуд.

Курси омӯзиши мазкур аз 27 – ум то 29  майи соли  равон идома ёфта, он масъалаҳои ташхиси лабораторӣ ва дастгоҳӣ, нишонаҳои клиникии сироят, протоколи клиникии табобат вобаста ба марҳилаҳо ва дараҷаҳои вазнинӣ, дорувориҳои тавсияшванда, оризаҳои беморӣ, чорабиниҳои худмуҳофизатии мутахассисон ҳангоми кор бо гумонбарони сироят ва табобати беморон, тарзи пӯшидан ва кашидани либоси махсуси муҳофизатӣ ва дигар масъалаҳоро дар бар мегирад.

Омӯзиши мазкур дар асоси Дастурамали мувақатӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии короновирусӣ – COVID-19, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ба роҳ монда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 827
  • 1,258
  • 885,052