
Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бозомӯзии ҳамшираҳои тиббӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории короновируси нави COVID-19 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз тарафи омӯзгорони кафедраи бемориҳои сироятӣ ва маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббии коллеҷ барои 71 нафар табибон ва 35 нафар ҳамшираҳои (бародарони) тиббӣ – омӯзгорони Коллеҷ курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил карда шуд.
Курси омӯзиши мазкур аз 27 – ум то 29 майи соли равон идома ёфта, он масъалаҳои ташхиси лабораторӣ ва дастгоҳӣ, нишонаҳои клиникии сироят, протоколи клиникии табобат вобаста ба марҳилаҳо ва дараҷаҳои вазнинӣ, дорувориҳои тавсияшванда, оризаҳои беморӣ, чорабиниҳои худмуҳофизатии мутахассисон ҳангоми кор бо гумонбарони сироят ва табобати беморон, тарзи пӯшидан ва кашидани либоси махсуси муҳофизатӣ ва дигар масъалаҳоро дар бар мегирад.
Омӯзиши мазкур дар асоси Дастурамали мувақатӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии короновирусӣ – COVID-19, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ба роҳ монда шудааст.