COVID-19. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шумораи гирифторони коронавирус ба 537 ва дар фазои ИДМ ба 3901 нафар расид

COVID-19. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шумораи гирифторони коронавирус ба 537 ва дар фазои ИДМ ба 3901 нафар расид
Март 30
16:02 2020

Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 537 нафар ва дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 3901 кас расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки ҳамчунин аъзои ИДМ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 294, 149 ва 94 нафарро ташкил медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Россия 1836 ҳолат, Арманистон – 482, Украина – 480, Молдова – 263, Озарбойҷон – 209 ва Беларус – 94 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Дар аксарияти ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 66 нафар, Беларус — 32, Арманистон — 30, Қазоқистон — 20, Озарбойҷон — 15, Молдова — 13, Ӯзбекистон – 7 ва Украина — 6 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 9 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус, Украина – 11, Озарбойҷон – 4, Арманистон – 3, Молдова – 2, Ӯзбекистон — 2 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 120 нафарро ташкил медиҳад, ки ду каси онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 735 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 34 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 156 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 28 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 93
  • 880
  • 879,166