Бемористони Ибни Сино ба кори маъмулӣ бармегардад

Бемористони Ибни Сино ба кори маъмулӣ бармегардад
Июн 22
12:14 2020

Нахустин ҷаласаи субҳгоҳии пизишкони Бемористони Ибни Сино пас аз муҳорибаи шадиди якмоҳа бо бемории  COVID-19 субҳи имрӯз, 22 июн доир гардид.

Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудири Бемористони Ибни Сино аз тамоми кормандони бемористон, бахусус пизишкону парасторон ва кормандони бахши  санитарӣ барои хидматашон дар роҳи мубориза бо вируси куруно ва сарбаландона пушти сар  гузоштани он изҳори сипос намуд.

Номбурда афзуд: “ маҳз талош ва омӯзиши шабонарӯзии тамоми гурӯҳи кории бемористон ва пурра муҷаҳҳаз  будани муассиса бо васоили лозимаву маводи  доруӣ боис шуд, ки Бемористони Ибни Сино  дар мубориза бо ин вирус бидуни расидани осеб ва зарари ҷонӣ ба пизишкон пирӯз шавад. Беморон ҳам бо ризоият аз бемористон мураххас шуданд”.

Дар ҷаласа инчунин таъкид шуд, ки хидмати тамоми пизишкони кишвар, сарфи назар аз шароити душвор ва камбуди васоили тиббиву ҳифозатӣ бисёр арзишманд  аст ва ин фариштаҳои наҷот бо азхудгузаштаниву ҷонфидоӣ ҷасурона ва дар канори ҳам бар алайҳи ин вирус бархостанд.

Дар давраи авҷи пандемия, ки аксари пизишкони бемористон ба табобати бемории COVID-19  машғул буданд, аз ин пас ба кори маъмулии худ шурӯъ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки феълан тамоми бахшҳои бемористони мазкур пурра тамизкорӣ шуда, онҳо барои ба корӣ маъмулӣ баргаштан омода мебошанд.

Дар ин бора гурӯҳи фейсбукии Бемористони Ибни Сино иттилоъ медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 612
  • 1,258
  • 884,837