Стантсияи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд ба зиёда аз 170 ҳазор нафар сокинон хизмат мерасонад.

Май 17
10:01 2017

Ба роҳ мондани фаъолияти мунтазам ва мувофиқ ба талоботи давр дар Стантсияҳои  ёрии таъҷилии тиббӣ талаботи замон ва яке аз рукнҳои аслии фаъолияти соҳаи тиб дониста мешавад.  Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои дурдасти кишвар Стантсияи ёрии таъҷилии тиббии  шаҳри Хуҷанд низ фаъоли пурсамарро рӯи даст гирифтааст. Маврид ба таъкид аст, ки Стантсияи ёрии таъҷилии тиббии  шаҳри Хуҷанд таи солҳои тулонӣ дар асоси талабот ва дастуроти  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро  ба роҳ монда  ба  171 000  нафар аҳолии ш. Хуҷанд   шабонарӯзӣ   хизматрасонии   аввалиндараҷаи тиббӣ мерасонад. Гуфта мешавад мувофиқи нишондод ба ҳар 10 000 нафар аҳолӣ як бригадаи хати сайр дар назар дошта шудааст. Айни  замон дар  Стантсияи ёрии таъҷилии тиббии  шаҳри Хуҷанд 8 гурӯҳи фаврӣ ба аҳоли хизмат мерасонад. Мувофиқи маълумоти ба даст омада даъвати миёнаи сокинон ба ёрии таъҷилии шаҳр  дар як сол  аз 27 то 29 ҳазорро ташкил медиҳад, вале  хизматрасони ба аҳолӣ бештар  аз 30 то 32 ҳазорро  дар бар гирифтааст.  Мувофиқи маълумот дар Стантсияи ёрии таъҷилии тиббии  шаҳри Хуҷанд   айни замон  90 нафар кормандон фаъолият мебаранд.  8 гурӯҳи фаврии ёрии таъҷилӣ бошад  бо лавозимоти зарурии соҳа ва таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд.   Хамзамон гуфта мешавад ҷиҳати  беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонии  тиббӣ     фаъолияти кормандон таҳти назрати қатъии роҳбарияти Стантсияи ёрии таъҷилии тиббии шаҳр  қарор гирифтааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 309
  • 989
  • 887,663