Маводҳои дорувории муҳлати истифодаашон гузашта сӯзонида шуданд

Маводҳои дорувории муҳлати истифодаашон гузашта сӯзонида шуданд
Сентябр 10
08:16 2020

Дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон беш аз 10 тонна маводҳои доруворӣ, ороишию гигиенӣ ва молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст,   ба тариқи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

Бино ба гуфти сардори шӯъбаи назорати давлатии фарматсевтии сарраёсат Одина Шарифзода аз маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиенӣ, ки тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд, беш аз 9 тоннашонро ширкатҳои фарматсевтию муассисаҳои тандурустӣ тариқи мактуб барои несту нобуд кардан ба сарраёсат супоридаанд.

Одина Шарифзода ҳамчунин илова кард, ки дар қиёс ба солҳои пешин маданияти соҳибкорон ва масъулини муассисаҳои тандурустӣ дар самти хизматрасонӣ ба маротиб баланд шудааст. Аз инҷост, ки вақте маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон мегузарад, аз муомилот мегиранд ва бо мактуб ба сарраёсат барои безарар несту нобуд кардан оварда месупоранд.

Бояд гуфт, ки новобаста аз ин мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон корҳои назоратиро пурзур намуда, дар баробари ин баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотиро бурда истодааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 396
  • 1,258
  • 884,621