Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид

Ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид
Сентябр 23
16:58 2020

Имрӯз,  23 сентябри  соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусамадзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафур Муҳсинзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, мавзӯъҳои ҷаласаро эълон намуд.

Ҳамин тавр, тибқи рӯзномаи ҷаласа сараввал оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 3 июли соли 2014, №437  “Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии  кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” муовини вазир Шодихон  Ҷамшед баромад намуд.

Гуфта шуд, ки механизми мазкур аз соли 2011 инҷониб ба таври таҷрибавӣ оғоз гардида, мақсади асосии он – ин дастгирии оилаҳои камбизоат ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Қарори мазкур бо мақсади вусъат додани механизми нави таъйин ва пардохти кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ қабул гардида, тибқи он аз 1 январи соли 2011 низоми номбаршуда ба таври таҷрибавӣ ё пилотӣ аввалан дар 2 шаҳри вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, 1 январи соли 2016 дар 25 шаҳру ноҳияҳо ва аз 1 октябри соли 2016  иловатан 15 шаҳру ноҳияҳои кишвар ба он ҳамроҳ карда шудаанд. Ҳамин тавр, дар асоси банди 2 қарори мазкур татбиқи механизми таҷрибавии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат аз 1 октябри  соли 2016 дар 40 шаҳру ноҳияҳои ҷорӣ карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2020 дар 40 шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ 103644 оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шуда, давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҳаҷми 16 080 200 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шудааст.

Дар маҷмӯъ давоми 6 соли охир ба 470511 оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи умумии 138 090 100 сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт гардидааст.

Бояд гуфт, ки кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоате, ки дар ҳудуди яке аз шаҳру ноҳияҳои ба таҷрибавӣ интихобгардида истиқомати доимӣ доранд ва вазъи некӯаҳволии онҳо ба талаботи меъёрҳое, ки дар “Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” муқаррар гардидааст, мувофиқат мекунад, таъйин ва пардохт карда мешавад.

Таҳлил ва санҷишҳои рафти амалишавии қарори мазкур дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ нишон медиҳанд, ки дар маҷмӯъ раванди иҷроиши он мувофиқи талабот ба роҳ монда шуда, муқаррароти он саривақт ба иҷро расидаанд.

Вобаста ба мавзӯъи дуюми ҷаласа, яъне “Вазъи пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои эндокринологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он” Қосимова С.Ҷ., сармутахассиси соҳавии вазорат оид ба бемориҳои эндокринологӣ суханронӣ намуд.

Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ сармуассисаи  соҳавӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти он ба ҳамоҳангсозӣ, расонидани ёрии дастурию ташкилӣ ва назорати татбиқи ҳуҷҷатҳои бунёдии соҳа ва самти эндокринология, аз ҷумла нақшаҳои ҳамасолаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои эндокринологӣ равона карда шудааст.

Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  соҳаи  эндокринологияи мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла дастрасии аҳолӣ ба ташхиси бемориҳои эндокринологӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир таъмин карда шуд, инчунин, таъминоти пурраи ройгони дорувории ҳаётан муҳим, ба монанди инсулин амалӣ гардид, кормандони соҳа ва алоқамандон бо барномаҳои омӯзишӣ пайваста фаро гирифта шуданд, беморони гирифтори диабети қанд ва бемориҳои норасоии йод бо муосиртарин усулҳои табобат ва истифодаи  доруҳои зиддидиабетӣ ва табобати бемориҳои норасоии йод фаро гирифта шуданд.

Натиҷаи фаъолияти ҳамгироишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буд, ки айни ҳол вазъи бемориҳои эндокринологӣ дар кишвар идорашаванда арзёбӣ карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти бемориҳои эндокринологӣ як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим таҳия, қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Дар идомаи ҷаласа вобаста ба амалсозии «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022» Ғанизода М.Х., директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии солимии репродуктивӣ”  ба ҳозирин маълумот дод.

Таъкид карда шуд, ки  барномаи мазкур барои тарғиби танзими оила дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасониҳои репродуктивии аҳолӣ, беҳтар намудани саломатии занон, тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҷалб намудани шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати таъмини молиявии муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидан бо  техника ва технологияи муосир ва таъмини муассисаҳои тиббӣ бо  маводи контратсептивӣ, омӯзонидани кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти солимии репродуктивӣ, фаъолкунии идорасозии таъминот ва тақсимоти маводи пешгирандаи ҳамл, таҳияи маводи иттилоотӣ-маърифатӣ ва баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ таҳия карда шудааст.

Дар мавзӯъи иҷроиши “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” дар давраи солҳои 2017-2019 ва 6 моҳи соли 2020, Нуров Р., директори Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО» баромад намуд.

Бояд гуфт, ки вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) дар давоми 40 соли охир ба яке аз мушкилоти асосии аҳли сайёра табдил ёфтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилот бетараф нест.

Аз аввали бақайдгирии ВНМО то соли 2020 ҳамагӣ 75,7 миллион нафар дар ҷаҳон ба ин сироят гирифтор шудаанд, ки аз онҳо 32,7 миллион нафарашон фавтидаанд, ки 43%-ро ташкил медиҳад. Дар аввали соли 2020 ҳамагӣ дар ҷаҳон 38 миллион шахсони бо ВНМО зиндагикунанда буда, аз онҳо 1,7 миллион шахсони сироятшуда танҳо дар соли 2019 дарёфт карда шудаанд. Мутобиқи таҳлилҳои ҷаҳонӣ танҳо 81% шахсони сироятшуда оиди бемории худ огоҳ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш оиди пешгирӣ ва мубориза ба эпидемияи ВНМО ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзӯр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардидаанд ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчубаи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф намуда, дастгирӣ менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам  як қатор барномаҳо қабул ва амалӣ гардида истодаанд.

Дар идомаи ҷаласа оид ба ҷараёни амалисозии «Нақшаи стратегии миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил барои солҳои 2015-2020» ва Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон», ки дар назди Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» бо маблағгузории Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа татбиқ гардида истодааст, Зокирова Қ.А., сармутахассиси соҳавии вазорат оид ба бемориҳои сил  баромад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд,  соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла дастрасии аҳолӣ ба ташхиси бемории сил бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир таъмин карда шуд, таъминоти пурраи ройгони доруҳои зиддисилӣ амалӣ  гардид, инфрасохтори мавҷуда барқарор гардида, муассисаҳои замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд, кормандони соҳа ва алоқамандон бо барномаҳои омӯзишии пайваста фаро гирифта шуданд, беморони гирифтори сил бо муосиртарин усулҳои табобат ва истифодаи  доруҳои  нави зиддисилӣ фаро гирифта шуда, дар муассисаҳои соҳавӣ низоми ягонаи махзани электронӣ роҳандозӣ гардид.

Қайд гардид, ки натиҷаи фаъолияти ҳамгироишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд буд, ки айни ҳол вазъи бемории сил дар кишвар идорашаванда арзёбӣ карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки тибқи ҳисоботҳои расмӣ, дар даҳ  соли охир беморшавӣ  ва фавт аз бемории сил зиёда аз се маротиб коҳиш ёфтааст.

Ба имзо расидани  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 29 декабри соли 2018,  №603 «Дар бораи Тартиби додани кафолатҳо ба кормандони тиб  ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд ва Номгӯйи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд»,  гувоҳи ғамхории навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои   миллат,   Президенти   Ҷуҳурии   Тоҷикистон   мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони соҳа  мебошад. Бояд қайд намуд, ки тавассути таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат маблағгузории давлатии хадамоти силшиносии кишвар дар 15 соли охир зиёда аз 20 маротиб афзоиш ёфтааст.

Дар мавзӯъи “Вазъи тайёрии касбии кормандони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” Муҳаббатова С., сардори шӯъбаи таҳлили сиёсати иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат ба ҳозирин маълумот дод.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ба омода ва тайёр  кардани кадрҳои соҳавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Барои  беҳбудӣ дар ин соҳа Ҳукумати кишвар барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ намуда, имрӯз ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мубрамияти мавзӯъи мазкур ва нақши калидии мутахассисону кадрҳои соҳавиро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 18 августи соли 2020 низ таъкид доштанд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, оид ба мавзӯъҳои дар ҷаласа баррасишуда қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул  гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 782
  • 1,151
  • 886,158