Шиносоии роҳбарияти вазорат бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ

Шиносоии роҳбарияти вазорат бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ
Ноябр 24
14:26 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз  рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе  дидан намуд.

Зимни боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо фаъолияти  муассисаи мазкур шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, дар ин ҷо номбурда бо як қатор беморон низ вохурӣ намуд.

Ҳамзамон, шаби 22 ноябри соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода аз рафти  хизматрасонии шӯъбаи таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва як қатор шӯъбаҳои таваллуди беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан намуд.

Аснои шиносоӣ бо фаъолияти шӯъбаҳои таваллуд, ҳамзамон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо наздикону пайвандони беморон низ вохурӣ намуда, вобаста ба хизматрасонии тиббӣ бо онҳо суҳбат намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 987
  • 989
  • 887,352