Бо мақсади саривақт бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба муассисаҳои тандурустӣ ташриф оварда, бо роҳбарияти беморхонаҳо, кормандон ва беморону наздикони онҳо вохурӣ анҷом медиҳад.
Имрӯз, 6 ноябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии тиббии Таваллудхонаи №2 ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” шинос шуда, ҳамзамон, аз рафти табобати Эҳсони 12 сола дидан намуд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои мазкур аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки мутаассифона вақтҳои охир маҳз амалу рафтори ғайрикасбии бархе кормандони таваллудхонаҳо боис бар он мешавад, ки назари мардум ба кормандони соҳаи тандурустӣ, ки шабонарӯзӣ дар ҳифзи саломатии мардум хизмат мекунанд, то андозае манфӣ гардад.
Махсусан, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни суҳбат бо кормандони бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки вақтҳои охир вобаста ба фаъолияти ин бахш, махсусан, риоя накардани одоби муошират бо беморону наздикони онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба унвони вазорат арзу шикоятҳо ба нашр мерасанд.
Номбурда сухани пурҳикмати Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос оварда, иброз дошт, ки табиб бояд сухани зебо ва қалби пок дошта бошад, зеро, воқеан, сухани хуб ними табобат аст.
Ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар муассисаҳои мазкур бо наздикону пайвандони як қатор беморон доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта истодааст.
Маҳз, натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ дар соҳа буд, ки имрӯз сокинони мамлакат дар муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ташхис ва табобат мегиранд.
Дар анҷоми вохуриҳо ҷиҳати роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи одоби муошират бо беморон, омодагӣ ба давраи зимистон ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва Таваллудхонаи №2 дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз рафти табобати Эҳсони 12 сола дидан намуд.
Бояд гуфт, ки айни замон табобати Эҳсони 12 сола таҳти назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.