Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Таваллудхонаи №2 ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дидан намуда, бо вазъи саломатии Эҳсони 12 сола шинос шуд

Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Таваллудхонаи №2 ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дидан намуда, бо вазъи саломатии Эҳсони 12 сола шинос шуд
Ноябр 06
17:05 2020

Бо мақсади саривақт бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба муассисаҳои тандурустӣ ташриф оварда, бо роҳбарияти беморхонаҳо, кормандон ва беморону наздикони онҳо вохурӣ анҷом медиҳад.

Имрӯз, 6 ноябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо рафти хизматрасонии тиббии Таваллудхонаи №2 ва бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  шинос шуда, ҳамзамон, аз рафти табобати Эҳсони 12 сола дидан намуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои мазкур аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки мутаассифона вақтҳои охир маҳз амалу рафтори ғайрикасбии бархе кормандони таваллудхонаҳо боис бар он мешавад, ки назари мардум ба кормандони соҳаи тандурустӣ, ки шабонарӯзӣ дар ҳифзи саломатии мардум хизмат мекунанд, то андозае манфӣ гардад.

Махсусан, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни суҳбат бо кормандони бахши таваллудхонаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки вақтҳои охир вобаста ба фаъолияти ин бахш, махсусан, риоя накардани одоби муошират бо беморону наздикони онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба унвони вазорат  арзу шикоятҳо ба нашр мерасанд.

Номбурда сухани пурҳикмати Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос оварда, иброз дошт, ки табиб бояд сухани зебо ва қалби пок дошта бошад, зеро, воқеан, сухани хуб ними табобат  аст.

Ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  дар  муассисаҳои мазкур бо наздикону пайвандони як қатор беморон доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ суҳбат намуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро   равона сохта истодааст.

Маҳз, натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ дар соҳа буд, ки имрӯз сокинони мамлакат дар муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ташхис ва табобат мегиранд.

Дар анҷоми вохуриҳо ҷиҳати роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи одоби муошират бо беморон, омодагӣ ба давраи зимистон ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва Таваллудхонаи №2 дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Ҳамзамон,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз рафти табобати Эҳсони 12 сола дидан намуд.

Бояд гуфт, ки айни замон табобати Эҳсони 12 сола таҳти назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,033
  • 1,263
  • 842,782