Мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятро ба давраи зимистон ва ҳолатҳои пешгирӣ аз сӯхтор мавриди санҷиш қарор доданд.
Чунин як санҷиш аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати мазкур дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён” гузаронида шуд.
Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки дар муассисаи мазкур чораҳои пешгирӣ аз сухтор риоя гардида, дар он шитҳои зиддисухторӣ, гӯшаҳои огоҳкунанда, гидрантҳо ва ҳавзи захираи об дар ҳолати омодабош қарор доранд. Инчунин, дар муассисаи мазкур хат ва дастгоҳҳои барқӣ аз санҷиш гузаронида шуда, ба фасли зимистон омода мебошанд.
Тавре аён гардид, дар ин муассиса 5 адад гӯшаҳои зиддисухторӣ бо тамоми таҳҷизоти зарурӣ мавҷуд мебошанд. Инчунин, дар дохили бинои муассиса 6 адад гидрант бо рудаҳои махсуси зиддисухторӣ васл шуда, дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Зимни санҷиш маълум гардид, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён” барои муътадил гузаронидани фасли зимистон захираи кофии ангишту ҳезум ва маводҳои ғизои низ муҳайё карда шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон дар муассисаи мазкур 60 нафар бошандагон, аз ҷумла 41 нафар мард ва 19 нафар занон қарор доранд.
Бояд гуфт, ки муассисаи номбурда бо системаи ягонаи гармидиҳӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Ҳамзамон, чунин санҷишҳо аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар ва Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ гузаронида шуданд.