Хуҷанд: Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории COVID-19

Хуҷанд: Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории COVID-19
Декабр 15
08:35 2020

Аз тарафи кормандони  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри мазкур корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба пӯшидани ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоӣ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пайваста доир карда мешаванд.

Дар ҷараёни чунин чорабиниҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисон ба шаҳрвандон доир ба зарурати истифодаи ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пайваста шӯстани дастон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешавад.

Ҳамзамон, ба шаҳрвандоне, ки ниқоби тиббӣ надоранд, ба онҳо ниқоби тиббии ройгон тақсим карда мешавад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ маслиҳат медиҳад, ки дар дохили биноҳо, аз ҷумла дар мағозаҳо, ҷойҳои кори умумӣ ва мактабҳо, ки фосилагирии иҷтимоӣ ба андозаи ҳадди ақал як метр ғайриимкон аст, пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ ва зурур мебошад.

Бояд қайд намуд, ки сироятёбии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 дар шаҳри Хуҷанд бамаротиб коҳиш ёфта бошад ҳам, аз ҷониби масъулини дахлдор корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии ин беморӣ дар байни шаҳрвандон ҳамоно пурзӯр карда шуда истодаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 274
  • 1,263
  • 842,023