Боздиди мутахассисони “Роспотребнадзор” аз Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ

Боздиди мутахассисони “Роспотребнадзор” аз  Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ
Март 17
10:16 2021

Дар доираи сафари кории хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  бегоҳии 16 марти соли равон  Кедрова Олга Викторовна, Шарова Ирина Николаевна, Марсоха Кирилл Сергеевич, намояндагони  корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Россия “Микроб”-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон “Роспотребнадзор”  бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Аснои шиносоӣ  меҳмонон аз рафти фаъолияти озмоишгоҳи мазкур дидан намуда, инчунин, бо роҳбарият ва мутахассисони муассисаи номбурда мулоқот  карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ мубодилаи афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки боздиди мутахассисони “Роспотребнадзор” аз озмоишгоҳҳо ва як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,119
  • 1,168
  • 841,605