Ба оилаҳои камбизоати дорои кӯдакони хурдсол кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ пардохт карда мешавад

Август 03
15:34 2021

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали паҳншавии сирояти нави COVID-19 барои пешгирӣ ва эътино бо ин бемории ҳамагир ва коҳиши таъсири манфии он ба вазъи саломатию иҷтимоии аҳолӣ талош намуд. Дар ин замина дар кишвар як сол қабл дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ (гранти №D604-TJ аз 3 апрели соли 2020) «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз намуд.

Яке аз самтҳои фаъолияти Лоиҳа-ин расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ бо мақсади пешгирии хавфи норасоии ғизо дар байни кӯдакони хурдсол дар давраи паҳншавии сирояти COVID-19 ва ҷуброни паёмадҳои манфии бемории ҳамагир ба оилаҳои камбизоат, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, маҳсуб меёбад.

Дар марҳилаи аввал, яъне аз моҳи июни соли 2020 то моҳи апрели соли 2021 кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба андозаи 500 (панҷсад) сомонӣ ба 69 966 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кудакони синни то 3  сола доранд, дар ҳаҷми 34 983 000 сомонӣ расонида шуд.

Илова ба ин, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як Созишномаи молиявӣ “Оид ба маблағгузории дуюми иловагӣ барои “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 21 майи соли 2021 (гранти Бонки умумиҷаҳонӣ №D777-TJ) бо имзо расонида шуд.

Дар доираи маблағгузории Созишномаи дуюми иловагӣ пардохти якдафъаинаи иҷтимоӣ аз моҳи август то охири соли 2021 дар назар дошта шуда,  тибқи нақша он 165000 хонаводаҳо (оилаҳо)-и камбизоатро фаро хоҳад гирифт, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 82,5 млн. сомониро ташкил мекунад.

Ҳамин тавр, дар моҳи августи соли ҷорӣ ба 84000 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони синни то 7 сола доранд, ба маблағи 42 млн. сомонӣ, дар моҳи сентябр-октябри соли ҷорӣ ба 56000 оилаҳои камбизоати дорои кудакони хурдсол, инчунин оилаҳое, ки занҳо сардори оила буда, дар ҳайати худ кӯдакони синни аз 7 то 16 сола доранд, ба маблағи 28,0 млн. сомонӣ, дар моҳи ноябр-декабри соли ҷорӣ  ба 25000 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони маъюби синни то 18 сола доранд, ба маблағи 12,5 млн. Сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Интихоби оилаҳои камбизоат барои расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ дар заминаи механизми амалкунандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ амалӣ гардида, барои анҷом додани пардохтҳо дар таҳрири нав Дастурамал дар бораи таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” 17 июни соли 2021 тасдиқ карда шудааст.

Мақоми татбиқкунанда механизми таъин ва пардохти кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар баробари ин, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва худидоракунии маҳалиро дар раванди амалисозии механизми мазкур иҷро намуда, ҳамзамон маъмурикунонии махзани иттилоотии гирандагони кумакпулиро анҷом медиҳад.

Руйхати ном ба номи гирандагони кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ аз махзани ягонаи электронии Агентии мазкур тартиб дода шуда, пардохтҳо тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳо анҷом дода мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 527
  • 989
  • 887,881