Ба Тоҷикистон ваксинаи “Спутник V” ворид гардид

<span class="dojodigital_toggle_title">Ба Тоҷикистон ваксинаи “Спутник V” ворид гардид</span>
Август 13
09:47 2021

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Россия субҳи имрӯз, 13 августи соли равон ба Тоҷикистон 50 ҳазор маҷмӯъ барои 50 ҳазор нафар ваксинаи “Спутник V”-и Россия ворид гардид.

Дар расми қабули ваксинаҳо дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовинони  вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, намояндаи ваколатдори Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, дар асоси рӯйхати тартибдодашуда ба шаҳрвандон гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо сокинони мамлакат бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи  зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар хоссатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 917
  • 1,236
  • 881,226