Дар шаҳри Гулистон ҷаласаи сайёри корӣ оид ба ғанигардонии орди гандумӣ-таҳияи “Хариати роҳ” барои густариши ғанигардонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт

Дар шаҳри Гулистон ҷаласаи  сайёри корӣ оид ба ғанигардонии орди гандумӣ-таҳияи  “Хариати роҳ” барои густариши ғанигардонӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт
Июн 17
14:42 2022

Бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ  ва пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд тавассути ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо микронутриентҳои зарурӣ дар доираи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” ва “Барномаи  пешгирии норасоии микронутриенҳо ва бемориҳо вобаста ба он  дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 30 сентябри соли 2021, №415  қабул шудааст, дар шаҳри Гулистон ҷаласаи  сайёри корӣ оид ба ғанигардонии орди гандумӣ-таҳияи “Хариати роҳ” барои густариши ғанигардонӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ  Амирзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва  намояндагони корхонаҳои ордбарории вилояти Суғд иштирок намуданд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешгирӣ аз фиреби истеъмолкунандагон, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аз лиҳози сифат ва бехатарӣ мувофиқ равона гардидааст.

Орди ғанигардонидашуда бо витамину микронутриентҳо барои ҳифзи аҳолӣ аз кретинизму дигар бемориҳо зарур мебошад. Тибқи талаботи қонун бо мақсади пешгирии бемориҳо бояд ба орд ва бархе аз анвои ғизоӣ дигар витамину микронутриентҳо илова карда шуда, инчунин, ғанигардонии маҳсулоти дигар, аз қабили маҳсулоти қаннодӣ ва ширӣ низ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, дастури техникӣ «Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда» бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми истеъмоли орди ғанигардонида татбиқ карда шуда истодааст.

Дар ҷаласа иштирокчиён доир ба ғанигардонии орди гандумӣ-таҳияи  “Хариати роҳ” барои густариши ғанигардонӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 853
  • 1,151
  • 886,229