Мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон назорат дар фурудгоҳҳоро ҷиҳати пешгирии коронавирус пурзӯр гардонидаанд

Мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон назорат дар фурудгоҳҳоро ҷиҳати пешгирии коронавирус пурзӯр гардонидаанд
Март 02
15:04 2020

Мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон  ҷиҳати пешгирӣ аз коронавирус, ки дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Италия ва дигар кишварҳо паҳн  гардидааст, тадбирҳои муассир меандешанд. Муовини  директори Агентии  авиатсияи граждании  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи авиатсионии мамлакат дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешида, назоратро дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат пурзӯр гардонидааст.

Азиз Набизода афзуд, ки шурӯъ аз 26 январ  парвозҳои ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Чин, ки аз ҷониби ширкатҳои  ҳавопаймоии «Somon Air» ва «China Southern Airlines» анҷом дода мешуд, қатъ гардид. Инчунин  аз 20 феврал парвозҳои ҳавоӣ дар масири Душанбе- Машҳад, Теҳрон-Душанбе-Бишкек», ки ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии эронии «Varesh Airlines» сурат мегирифт, манъ гардид. Ҳамзамон бо дарназардошти ба қайд  гирифтани  ҳолати сирояти коронавирус дар Афғонистон  ширкати ҳавопаймоии «Kam Air»-и Афғонистон  низ аз 26 феврал парвозҳоро дар хатсайри Душанбе –Кобул муваққатан қатъ намуд.

Муовини директори Агентии Авиатсияи граждании назди Ҳукумати  мамлакат зикр кард, ки дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд аз ҷониби марказҳои тиббии фурудгоҳҳо ва  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бунгоҳи тиббӣ,

нуқтаи  сантирӣ –карантинӣ  ташкил гардидаанд, ки дар онҳо дастгоҳҳои фосилавӣ — теплавизор  ва термасканерҳо, ки ҳарорати бадани инсонро муайян менамоянд, гузошта шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастури бевоситаи Сарвари давлат дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда оид ба пешгирии коронавирус таъсис дода шудааст, ки ба он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат шомил мебошанд.  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 30 январи  соли равон вазъи сирояти коронавирусро дар ҷаҳон  расман  «ҳолати фавқулода» эълон намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 878
  • 1,185
  • 875,000