Вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон

Вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон
Феврал 27
12:16 2020

Дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино вохӯрии номзадҳои пешбаригардида аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон доир гардид.

Дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон Илҳомҷон Ҳамидиён, аъзои Ситоди марказии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷурабек Муродов, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Меликова Парвина Иноятуллоевна, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи №2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Давлатов Изатулло Нусратуллоевич номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №19, Ниёзова Наргис Фазлихудоевна номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №22, Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №23, Расулов Ҷовидон Қурбонович, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №19 аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иштирок карданд.

Шахсони боэътимоди номзадҳо шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳоро, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 сарчашма гирифтааст, манзури интихобкунандагон намуданд. Зимни баромад қайд намуданд, ки ҲХДТ масъалаи рушди омили инсонӣ, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуда, таҳияи барномаҳои махсуси давлатиро ба хотири пешрафт ва бедории андешаҳои нави созанда, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии муосир зарур мешуморад. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

Аз ҳозирин даъват шуд, ки 1- уми марти соли равон дар маъракаи муҳими сиёсии интихобот фаъолона иштирок карда, ба арзандатарин номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ овоз диҳанд. Аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода бурда, саҳми назарраси худро дар рушди минбаъдаи кишвар гузоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 102
  • 989
  • 887,456