ХАБАРИ ФАВРӢ! Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ барои овардани доруворӣ хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ташкил гардид

Май 07
11:12 2020

Бо мақсади дастрас намудани маводи доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ  хатсайри махсуси чартерӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Маводи зарурии воридшуда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он ҷиҳати истифода дар муассисаҳои тиббии пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ  барои табобати бемориҳои сироятӣ, алалхусус пандемияи конронавирус-COVID-19 ба таври ройгон супорида мешавад. 

Дар ҷараёни қабули маводи доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, иҳзори сипоси хешро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷониби кишвари Ҳиндустон баён намуданд.

Дар пайравӣ ба ин иқдоми наҷиб роҳбарияти  ширкатҳои ватанӣ низ  дар пайи он ҳастанд, ки баҳри солимии аҳолии Тоҷикистон ва дастгирии қишри ниёзманд  бо маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба эҳсонкорӣ  рӯ оваранд. Аз ҷумла, бо хатсайри махсус ширкати ватании «Ориёнфарм» аз Ҷумҳурии Ҳиндустон миқдори муайяни маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ   ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид кард, ки ҷиҳати таъмини аҳолии  мамлакат  бо маводи зарурӣ  дар ин давраи ҳассос  ва таъмини саломатии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо ҳамин хатсайр як миқдор кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморони Ковид-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.

Тасмим меравад, ки рӯзҳои наздик ташкили боз ҳамин гуна иқдомҳои эҳсонкорӣ такрор меёбад ва бо ин васила дар бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи ҷомеа саҳмгузорӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем,  ки дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами  Эмомалӣ дар самти таъсиси беморхонаҳои нав барои қабули беморон, фаъолияти шабонарӯзии ҳамаи сохторҳои давлатӣ баҳри эмин нигоҳ доштани  саломатии аҳолӣ ва сокинони пойтахти  мамлакат, инчунин ба таври доимӣ гузаронидани безараргардонии иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматии аҳолӣ  корҳои назаррас роҳандозӣ мегарданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 97
  • 1,042
  • 875,261