Кумак ба донишҷӯёни ятиму маъюб

Март 27
09:51 2017

Дар арафаи иди Наврӯз ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода бо донишҷӯёни ятими кулл ва маъюб вохӯрӣ доир намуд.   Сарвари донишгоҳ изҳор намуд, ки роҳбарияти донишгоҳ таъмини шароити мусоиди таҳсил, зист ва кумак ба ин табақаи ниёзмандро ҳамеша дар мадди назар қарор медиҳад. Инчунин Г. Маҳмадшоҳ афзуд, ки бо дархости раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ 96 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва маъюбонеро, ки дар Донишгоҳи тиббӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, дар арафаи иди Наврӯз бо кумаки яквақтаи пулӣ таъмин намуд. Роҳбари донишгоҳ аз донишҷӯён тақозо намуд, ки ҳар як лаҳзаи вақти пурқиматро ғанимат дониста, барои ҳарчи бештар аз худ намудани донишҳои касбӣ аз тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда ба таври самаранок истифода баранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,187
  • 1,168
  • 841,673