Маблағгузории давлатии хадамоти силшиносии кишвар давоми 15 соли охир зиёда аз 20 маротиба афзоиш ёфт

Маблағгузории давлатии хадамоти силшиносии кишвар давоми 15 соли охир зиёда аз 20 маротиба афзоиш ёфт
Октябр 19
10:04 2020

Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил сармуассисаи миллии соҳавӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти он ба ҳамоҳангсозӣ, расонидани ёрии дастурию ташкилӣ ва назорати татбиқи “Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, ки бо қарори Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО, сил ва табларза аз 18.07.2014, №27 ба имзо расидааст, равона карда шудааст.

Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд, соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла дастрасии аҳолӣ ба ташхиси бемории сил бо истифода аз таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд, таъминоти пурраи ройгони доруҳои зиддисилӣ амалӣ гардид, инфрасохтори мавҷуда барқарор гардида, муассисаҳои замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд, кормандони соҳа ва алоқамандон бо барномаҳои омўзишии пайваста фаро гирифта шуданд, беморони гирифтори сил бо муосиртарин усулҳои табобат ва истифодаи  доруҳои  нави зиддисилӣ фаро гирифта шуда, дар муассисаҳои соҳавӣ низоми ягонаи махзани электронӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Натиҷаи фаъолияти ҳамгироишудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд буд, ки айни ҳол вазъи бемории сил дар кишвар идорашаванда арзёбӣ карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки тавассути таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат маблағгузории давлатии хадамоти силшиносии кишвар давоми 15 соли охир зиёда аз 20 маротиба афзоиш ёфтааст.

Маврид ба зикр аст, ки сохтори зиддисилии кишвар  аз 66 марказҳои зиддисилии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, марказҳои вилоятӣ, 1 Маркази ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, инчунин, 4 Беморхонаи зиддисилии вилоятӣ, 1 Беморхонаи байниноҳиявӣ дар н. Восеъ, 1 Беморхонаи кӯмаки таскинӣ ва 24 шуъбаҳои зиддисилӣ дар назди марказҳои шаҳрию ноҳиявӣ иборат мебошад.

Давоми солҳои охир заминаи ташхисии бемории сил дар кишвар боз ҳам васеъ ва пурқувват гардонида шуда, воситаҳои наву пешрафтаи ташхиси бемории сил  барои эҳтиёҷмандон дастрас гардонида шуданд.

Дар баробари ин, ба роҳ мондани санҷиши ҳассосият (СҲД) ба тамоми доруи зиддисилӣ, пурра дастрас гардидани усулҳои ташхиси туберкулинӣ (санҷиши манту ва диаскинтест), мавриди истифода қарор гирифтани 6 дастгоҳи сайёри флюорографӣ, томографияи компютерӣ ва ғайра имконияти ташхиси саривақтии бемории сили шушро фароҳам овард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 398
  • 1,185
  • 874,520