Дар ҳошияи Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кормандону волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси кумита Аҳтам Абдуллозода ба шӯъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ба аёдати кӯдакони бемор рафтанд.
Тавре аз кумитаи мазкур ба хабарнигори moh.tj иттилоъ доданд, зимни аёдати беморон Аҳтам Абдуллозода бо директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Ҳусензода Зафар дар маркази мазкур ба ҳамаи утоқҳои беморхона ворид шуда, аз ҳолу аҳволи беморон, ки ҳамагӣ ба бемории саратон гирифторанд, хабар гирифтанд. Барои болидарӯҳӣ ва лаҳзае ҳам бошад аз ғаму ғуссаи беморӣ дур сохтани беморон ба онҳо ҳар гуна туҳфаҳо тақдим карданд.
-Фарзандони ман, мо боварии комил дорем, ки Шумо сиҳат мешавед ва ба ҳама орзуҳоятон мерасед. Танҳо вақте расидааст, ки Шумо ва волидонатон ба шифоёбиатон бовар кунанд. Ба дунё ва зиндагӣ бо чашми умед нигаред ва ҳеҷ гоҳ таслим нашавед, зеро боварӣ доштан ин ягона омилест, ки мо аз давом додани ҳаёт даст намекашем,- иброз дошт раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни аёдати кӯдакони гирифтори бемории саратон дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, шӯъбаи саратоншиносии кӯдакона.
Бояд қайд кард, ки Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон моҳи ноябри соли 1949 дар иҷлосияи байналмилалии федератсияи демократии занон таъсис ёфта, онро бори нахуст 1 июни соли 1950 қайд карда буданд.