«Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ» бо шаҳомати хосса таҷлил гардид

Май 19
10:02 2017

Имрӯз 19 май ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ» бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» рӯзи  «Дарҳои кушода»  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намонядагони  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахасисону масъулони идораҳои дахлдори ин ниҳод, ҳамзамон донишҷуёни курсҳои болоии Донишгоҳи давлатии тиббии  Тоҷикистон ба ном Абӯали ибни Сино ва донишҷуёни Колеҷи тиббии Тоҷикистон ҳамзамон шахсони расмиву сокинони қишрҳои гуногуни кишвар иштирок варзиданд.

Дар рафти чорабинӣ ба иштирокдорон самтҳои фаъолияти марказҳои  таълимию клиникии тибби оилавӣ дар кишвар, нақши низоми хизматрасонии тибби оилавӣ дар пештафти соҳа, роҳу усулҳои ба тариқи системаи тибби оилавӣ таъмин намудани сатҳи сиҳатии сокинон ва ҷилавгири аз роҳу усуслҳои пешгириву аз байн будрани мушкилои дар соҳа вуҷуд дошта маълумотҳои муфасал доданд.

Дар чорабинӣ қайд гардид, ки;  «низоми хизматрасонии тибби оилавӣ имкон медиҳад инфрасохтори муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, заминаи моддию техникии муассисаҳо, баъдан иқтидори кадрии кормандон  беҳтар гардад».

Хотиррасон менамоем, ки «Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ» бори аввал аз ҷониби ташкилоти WONCA-  Ташкилои байналмилалии Колеҷу Академияҳои миллӣ ва Ассотсиатсияи Академиявии табибони оилавӣ дар соли 2010 ҷанш гирифта шуд. Сар аз соли 2010 то ин ҷониб  «Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ» ба тариқи васеъ бо усулҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад.

Ташкилоти байналмилалии табибони оилавӣ (WONCA) фаъолияти худро аз  соли 1972 бо аъзогии 18 ташкилот оғоз намуда имрӯз аъзоёни он ба 118 адад аз 131 давлати дунё баробар мебошад. «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 аъзои ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ гардида фаъолияти пурсамарро дар ин самт бароҳ мондааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар давоми 15 соли охир дар ҷумҳурӣ кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ самаранок ворид гардида истодааст. Дар ин давра, 10 номгӯи барномаҳои такмили ихтисоси табибони оилавӣ ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ, «Маҷмуи дастурҳои клиникӣ оид ба ташхису табобати беморони дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» бо номгӯи 85 адад беморӣ таҳия ва тасдиқ гардид.

Маврид ба таъкид аст, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ 4 325 нафар табибони оилавӣ ва  7446 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ ба таври бозомӯзӣ тайёр карда шудаанд.

Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мутахасисони соҳибихтисоси тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизматрасонии тиббию санитарӣ мерасонанд, ки дар маҷмӯъ барои пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 913
  • 1,185
  • 875,035