Иштирок дар форуми маҷозӣ бахшида ба 30-солагии “Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон”

Иштирок дар форуми маҷозӣ бахшида ба 30-солагии “Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон”
Ноябр 19
14:21 2020

19 ноябри соли равон форуми маҷозӣ бахшида ба таҷлили  30-солагии “Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон” таҳти сарпарастии Бунёди байналмилалии  ҷамъияти “Zamin”, ки роҳбарии онро Зироат Мирзиёева бар уҳда дорад, дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) баргузор гардид.

Дар форуми макзур Обидҷон Аминов, сардори  шӯъбаи  ҳифзи солимии кӯдакону наврасон ва рушди  малакаи волидайни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, И. Афғонова, сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, А. Содиқов, сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои  кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тавре Аҳад Содиқов, сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои  кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иброз дошт, баргузории форуми мазкур хеле саривақтӣ мебошад, зеро, айни ҳол, ки бемории COVID-19 ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан кӯдакон аз он таъсири манфӣ мебинанд.

Номбурда иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар ибтидои Истиқлолияти давлатии худ Конвенсияи СММ  дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонида,  дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда шуда, дар вазорату идораҳои дахлдор сохторҳои алоҳида оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудаанд. Инчунин дар ин самт Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста фаъолият мекунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 315
  • 989
  • 887,669