49 323 нафар табибон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд

49 323  нафар табибон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд
Апрел 23
07:50 2020

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои дастгириҳои пайвастаатон дар раванди рушди тибби оилавӣ дар кишвар миннатдории хешро изҳор намуда, ҳамзамон ҷиҳати саривақт иҷро намудани қарори мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.02.2020, №2-1 “Дар бораи пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии интиқоли коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

«Маркази ҷумхуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» тибқи нақшаи таҳрезигардида Ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, оид ба чорабиниҳои пешбинишаванда ва воситаҳои фаврии пешгирии сирояти мазкур бо иштироки коршиносони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам ҷаласаҳои фаврии кормандон гузаронида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки ҷаласаҳои Ситоди доимоамалкунанда ҳамарӯза доир гардида, дар он чорабиниҳо ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикии пешгирии интиқоли коронавирус ва чорабиниҳои иловагии санитарию зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 мавриди таҳлил ва чораҷуӣ қарор дода мешаванд.

Дар ин раванд, лоиҳаи як қатор ҳуҷҷатҳо аз он ҷумла, “Алгоритми стандартии оперативӣ оиди назорати сирояти нави коронавирус дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС”, “Пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти нави коронавирусӣ COVID-19”, “Тавсияҳои амалӣ барои мутахассисони шабакаи муассаҳои КАТС” ва “Алгоритми пешбурди мизоҷони шубҳанок бо сирояти нави коронавируси COVID-19 дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС”, “Алгоритми пешбурди мизоҷони шубҳанок бо сирояти нави коронавируси COVID-19 дар хона” ва “Алгоритми пешбурди ҳолатҳои шубҳанок ба сирояти коронавируси COVID-19” таҳия карда шуданд.

Дар доираи расонидани кӯмаки дастурию методӣ аз ҷониби марказ ва шуъбаҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ, дар байни кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС 112 даврҳои таълимӣ, аҳолии вобасташуда 226 вохӯриҳои иттилотӣ ва зиёда аз 2500 машваратҳои корӣ оиди «Пешгирии сирояти коронавирус ва дигар сироятҳои вирусии ҳамшабеҳи коронавирусҳо» гузаронида шуданд. Ҳамзамон, дар байни аҳолӣ 1500 адад варақаҳои иттиллоотӣ, 3500 адад буклет, 800 адад брашураҳо ва овезаҳо тақсим гардида, дар шабакаи муассисаҳои КАТС гӯшаҳои иттилоотии «Тавсияҳо оид ба пешгирии коронавирус» ташкил карда шудаанд.

Дар баробари ин, дар асоси фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» дар асоси тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ модули таълимии «Алгоритми стандартии оперативӣ оиди назорати сирояти нави коронавирусӣ дар сатҳи шабакаи муассисаҳои тандурустӣ» омода гардида, дар асоси он 49 323 нафар кормандони шабакаи муассисаҳои махсусгардонидашуда, госпиталӣ ва КАТС ҷумҳурӣ ба давраҳои омӯзишии сайёр фаро гирифта шуданд.

Тибқи нақшаи ҳамкориҳо бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» ва Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус зиёда аз 38 барномаҳои телевизионӣ ва 14 радиоӣ омода карда шуданд.

Дар баробари ин, таъмири ҷории муассиса, омодагии пурраи ҳолати санитарию эпидемиологӣ, гурӯҳҳои тиббӣ, маҷмӯи маводҳои доруворӣ ва воситаҳои асосии ҳимояи фардӣ омода гардида, ҳангоми гардишҳои фаъоли ҳавлигии аҳолӣ маводҳои маърифатию иттилоотӣ дастрас карда шуданд.

Нақшаи баргузории даврҳои омӯзишӣ тибқи фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2020, №225 “Оид ба гузаронидани даврҳои омӯзишии сайёр барои мутахассисони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” ва аз 09.04.2020. №246 “Оид ба гузаронидани даврҳои омӯзишии сайёр барои мутахассисони сохторҳои беморхонавӣ, муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” чунин мебошад:

 

Макони баргузорӣ Шумораи омӯзондашудагон дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС Шумораи омӯзондашудагон дар сатҳи шабакаи муассисаҳои махсусгардонидашуда ва госпиталӣ
1 ш. Душанбе 2768 3278
2 Вилояти Суғд 8021 9526
3 Вилояти Хатлон 10154 4245
4 ВМКБ 924 1283
5 НТҶ 5582 3542
                 Ҳамагӣ 27 449 21 874
             Дар маҷмӯъ                                                  49 323                     

 

Директори «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ»

Илҳом Бандаев

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,368
  • 1,242
  • 950,388