Феврал 19
08:26
2020
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1 то 19 феврали соли равон 1066 нафар шаҳрвандоне, ки аз музофотҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид шудаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат бистарӣ гардидаанд.
Аз ин шумора то ба ҳолати зикршуда 577 нафар аз беморхонаҳои сироятӣ мураххас гардида, боқимонда таҳти назорати духтурон қарор доранд.
Хушбахтона, то кунун дар миёни бистаришудагон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.